ях, акс аз бойгонӣ

Бозии маргбори рӯи ях дар Айнӣ ҷони 4 наврасро рабуд

432
Чор наврас бар асари шикастани яхи обанбор дар ноҳияи Айнӣ зери об монда, ҷон додаанд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ҳодиса баъди зуҳри 23-юми феврал ҳангоми бозӣ болои ях дар маҳаллаи Оби Канапои ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Ҷасади наврасон, ки аз 14 то 16 сол доштаанд, шаби 23-юми феврал берун оварда шуда, имрӯз ба хок супорида шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

432