Разбитое стекло автомобиля, архивное фото

Ҳалокати Шаҳло ва писараки 6-солааш дар пайи садамаи мудҳиш дар Ҳисор

370
Ронанада дар рӯ ба рӯи мактаби президентии ҳамин шаҳр аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардонро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор модару кӯдаке дар пайи садамаи нохуш ҳалок шудунд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми феврали соли 2019, тахминан соати 06:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Саъдӣ Камолиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи С.Раҷабов ба самти маркази шаҳри мазкур, дар рӯ ба рӯи мактаби Президентии ҳамин шаҳр аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Саидова Шаҳло Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1981 ва писараш Саидов Мустафо Алиевич, соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Чуянгарони шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.

"Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш Саидова Ш.Н. ва хурдсол Саидов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

370