Топор, архивное фото

Арӯс хусурро мезад: тафсилоти куштори келини бевамонда бо табар дар Истаравшан - Видео

794
Марде дар Истаравшан бо шаш зарбаи табар келинашро ба ҳалокат расонид. Мақомоти милиса муайян кардаанд, ки шавҳари зан ҳанӯз соли 2015 вафот карда будаасту ӯ бо хусуру хушдоманаш хоҷагии якҷоя мебурдааст, аммо доим бо онҳо ҷанҷолу хархаша менамудааст. Рӯзи ҳодиса келин чанд маротиба падари шавҳарашро бо даст задааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон куштори мудҳиши арӯсро аз ҷониби хусур дар шаҳри Истаравшан тавзеҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳр рух дода, гумонбари асосӣ Исматулло Пӯлодови 52-сола мебошад.

Арӯси хонаводаи Пӯлодов, Хуршедаи Ҳомид, соли таваллудаш 1991 4 сол пеш аз шавҳараш, ки дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст, бева мондааст. Аммо дар манзили падару модари шавҳари марҳумаш зиндагӣ мекардааст.

Тавре ВУД қайд мекунад, ба гуфтаи марди гумонбар, пас аз марги писараш муносибати келин бо онҳо дигар гашта, доим ҷанҷолу хархаша мекардааст. Дар натиҷа, дар пайи чунин як ҷанҷол, Исматулло Пӯлодов ба бадани Хуршеда шаш табар мезанад.

"Ӯ маро то назди хона бо даст зада-зада омад. Ман худро ба хона задаму табарро гирифта, ба сарӯ рӯяш задам", - мегӯяд дар навор мард.

Дар натиҷа зан аз ҷароҳати вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Аз ӯ як фарзанди 5-сола ятим мондааст.

Нисбати марди гумонбар бо талаботи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Пештар ВУД хабар дода буд, ки Исматулло Пӯлодов пас аз куштори арӯсаш худро ба мақомот супурд.

794