ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкори 31-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 15-уми феврали соли 2019, тахминан соати 01.30 мағозааш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.
Ба иттилои муроҷиаткунанда, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тиҷоратиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳсулоти хӯрока, атриёти гуногун ва камераи мушоҳидавии мағозаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҷавонписари 18-19-сола, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
“Феълан ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.