Шикояти зани 26-сола аз дуздии шабонаи маблағ ва пойафзолаш дар Душанбе

© Sputnik / Алексей МальгавкоЖенские ноги на полу, архивное фото
Женские ноги на полу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонзани 26-сола, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба идораи милисаи макони зисташ аз дуздии маблағ ва пойафзолҳояш шикоят кардааст

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷавонзани ҷабрдида арз доштааст, ки шаби 8-ум ба 9-уми январи соли 2019, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 5000 сомонӣ ва 2 ҷуфт пойафзоли занонаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

ВУД афзуд, ки дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса гумонбар боздошт шуд. Маъмурини милиса дар ин дуздӣ марди 26-сола, сокини ноҳияи Қубодиёнро муттаҳам мекунанд.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0