Либоси мактабӣ, акс аз бойгонӣ

Дашному кордзании талабаҳо дар Душанбе

617
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кордзании ноболиғон дар Душанбе хабар дод, ки дар натиҷа писари 17-сола бо 5 захми корд дар бемористон бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷабрдида, писарбачаи ноболиғ,  сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мебошад, ки аз пой ва қисматҳои дигари бадан корд хӯрдааст.

Ноболиғи маҷруҳ изҳор доштааст, ки 28-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ,  ду писарбачаи 15 ва 16-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода латукӯб кардаанд.

“Сипас бо корд як маротиба ба пояш ва чор маротибаи дигар дар баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, -  тавзеъ додааст ВУД. 

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон дар ин ҷиноят низ сокинони шаҳри Душанбе буда, феълан таҳқиқи қазия идома дорад.

617