Ҷавонзан, акс аз бойгонӣ

Қасди худкушии ҷавонзан дар Хуҷанд ва тавсияҳои КҲФ ба шаҳрвандон

413
(Таҷдидшуда 11:54 10.03.2019)
Ҷавонзани 32-сола дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади худкушӣ қасд доштааст худро ба дарёи Сир андозад

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 9 март иттилоъ дод.

Манбаъ афзуд, ба наҷотдиҳандагони КҲФ муяссар гардид, сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро,  ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд.

Феълан ин хонум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, таҳқиқи сабабҳои қасди худкушӣ идома дорад, таъкид кардааст КҲФ.

Кумита бо зикри зиёд будани чунин ҳолатҳо аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бо ҳам меҳрубон бошанду аз ҳоли ҳамдигар хабар гиранд.  

КҲФ таъкид кардааст, аксаран инсонҳо замоне тасмим ба худкушӣ мегиранд, ки танҳоиро ҳис мекунанд.

“Бо худкушӣ мушкили инсон осон намешавад ва агар фарзан ӯ тарки олам кард, даҳҳо тан аз пайвандонро дар суг менишонад”, - илова намудааст КҲФ.

413