Мошин бо шишаи шикаста, акс аз бойгонӣ

Шарҳи расмии садамаи маргбор бо иштироки писари 23-солаи раиси ноҳияи Муъминобод

2376
(Таҷдидшуда 14:49 11.03.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори 9 мартро, ки бо иштироки Фирдавс Амиршозода, писари раиси ноҳияи Муъминобод, Тоҳирхон Амиршозода рух додааст, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 9-уми март тақрибан соати 09:20-дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Амиршозода Фирдавс Тоҳирхон, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба пояҳои бетонии канори роҳ бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД. 

Манбаъ афзуд, дар натиҷа, ҳамсари Фирдавс Амиршозода - Каримова Фарзона Абдураҳмоновна, соли таваллудаш 1997 ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД илова намуд, ки садамаи дигари маргбор шоми 8 март дар ноҳияи Кӯшониён рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Равшан Мухторович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи зикргардида, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Розиқов Саид Бухориевич, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониёнро зер кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

2376