Стрельба в мечети в Новой Зеландии

Ҳалокати 30 кас дар паи тирпарронӣ дар масҷидҳои Зеландияи Нав

102
(Таҷдидшуда 11:54 15.03.2019)
Дар ду масҷиди Крайстчерчи Зеландияи Нав тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилои расонаҳо шумораи кушташудагон ба 30 расидааст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ба гузориши РИА Новости дар паи ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Крайстчерч на кам аз нуҳ кас кушта шудааст. 

Пештар хабар дода шуд, ки шаш ҷароҳатдор ба бемористон оварда шудаву боз беш аз панҷоҳ захмии дигар дар роҳ ба бемористон аст. 

Дар ду масҷиди Зеландияи Нав тирпарронӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар паи ин ҳамлаи хунин даҳҳо кас кушта шудааст. Ба иттилои бархе аз расонаҳо шумораи ҳалокшудагон то 30 кас расидааст.

Ба гуфти шоҳидон ҳамларо бо таппонча марде айнакдор бо сарпӯш ва либоси артишӣ сар кардааст.

Корманди пулиси ин кишвар Майк Буш хабар дода, ки дар паи ин ҳамлаи хунин чор кас боздошт шудааст.

"Мо дар бораи дигар ашхоси дастдошта хабар надорем, вале эҳтимолан нафаре ҳам аз айбдорон дар нест",-менависад портали хабарии 

Stuff аз қавли комиссари пулис.

Нахуствазири Австралия Скотт Моррисон тирпарронӣ дар ду масҷиди Зеландияи Навро ҳамлаи терруристӣ хонд. Изҳороташро дар ин бора сарвазир дар "Твиттер" нашр кардааст.

"Ман ин ҳамлаи хунинро, ки ҷони чандин ашхоси бегуноҳро бурд, маҳкум мекунам",-навиштааст Скотт Моррисон.

102