Бунёда Буриева ҳангоми амали тафтишотӣ, акс аз бойгонӣ

Зане, ки шавҳарашро кушту дар ҳуҷраи хобаш сементпӯш кард, 23 сол зиндонӣ шуд

1018
(Таҷдидшуда 14:51 17.03.2019)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Бунёда Буриеваи 35-соларо барои қатли шавҳараш, дуздӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ ва ҷалби наврасон ба ҷинояткорӣ ба 23 соли зиндону 4 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи шаҳри Душанбе, мурофиаи Буриева 13 март сурат гирифта, ӯ аз ҷумла дар қатли шавҳараш Элмурод Бегалиев дар ҳолати оҷизӣ гунаҳкор дониста шуд.

Бо қарори додгоҳ, Буриева муваззаф шудааст, ба ҷабрдидаҳои аъмоли дигари ҷиноятияш, аз ҷумла ба Абдулмаҷидова Райҳонбегим дар ҳаҷми 2700 доллар, Қарахонова Лутфия - 327000 рубли русӣ ва ба Саидов Акрам ба миқдори 800 сомонӣ ҷуброни зарар пардозад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан зимни як гузориш дар бораи ҷинояткориҳои Бунёда Буриева гуфт, ин зан соли 2016 барои хона дар ноҳияи Фирдавсӣ шавҳараш – Элмурод Бегалиевро нахуст бо дору мадҳуш карда, сипас бо санг ба қатл расондаст. Ба гузориши мақомот, баъди қатл Буриева ҷасади шавҳарашро дар фарши хона сементпӯш карда, ин манзилро фурӯхтаст.

Ба иттилои ВУД, дар соли 2016 Бегалиев Бунёд чун беному нишон гумшуда, дар ҷустуҷӯ эълон шуда буд, аммо баъдан ҷасади ӯ аз зери девори ҳуҷраи хоби манзили пешини зану шавҳар пайдо шудааст. Дар пайи ин ҳодиса Бунёда манзили шавҳарашро фурӯхта, то боздошт шуданаш дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштааст.

Додгоҳ Буриеваро бар асоси чанд моддаҳои Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

1018