Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Ҷоко Видодо

410
(Таҷдидшуда 18:26 17.03.2019)
Дар паи обхезӣ дар Индонезия даҳҳо кас ҳалоку чандин нафар бе ному нишон шуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба президенти Индонезия Ҷоко Видодо барқияи таслият равон кард.

Чуноне хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, дар номаи таслият Мирзиёев аз ҳалок шудану бе ному нишон гаштани даҳҳо шаҳрванди Индонезия андуҳгин шудааст. 

Рӯши шанбе, 16 март дар вилояти Папуаи Индонезия дар паи борони шадид обхезӣ ба амал омад. Дар паи он манзилҳои истиқоматӣ ва пулҳо вайрону валангор шуданд.

Бино ба маълумоти охир шумораи ҳалокшудагон ба 63 кас расидаву, даҳҳо нафар бе ному нишон шудааст.

Даҳҳо хонавода, ки манзилҳояшон вайрон шудаанд, ба сохтмонҳои давлатӣ кӯчонида шудаанд. 

Сатҳи об аллакай паст шудааст, аммо то ҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагон ҳамаи қурбониёнро дарёфт накардааст.

410
Конверт с деньгами, архивное фото

Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

1660
(Таҷдидшуда 19:25 28.11.2020)
Ожонсии зидди фасод аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 - и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард.

Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд.

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.

1660
Барчаспҳо:
пора, боздошт, мудир
Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара

Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад

420
(Таҷдидшуда 10:10 29.11.2020)
Шаҳрдори нави Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дуввумин рӯзи кории худро бо боздиду шиносоӣ ва санҷиши раванди корҳои сохтмониву омӯзиши мушкилоти иҷтимоии сокинони ҷамоат ва вохӯриву мулоқотҳо бо мардуми деҳоти Ворух гузаронидааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешавев, Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот гуфтааст, Ворух мариди таваҷҷуҳи махсуси раҳбарияти кишвар аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфтааст, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронид.

Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қабалан рабудашуда гуфтугӯ кардааст.

Таъмиру азнавсозии қитъаҳои муайяни ноободи роҳи Исфара-Ворух, ҳуҷҷатгузории қитъаи азнавсозишудаистодаи кӯчаи ҳамшафати кӯдакистони деҳа, бунёди корхоҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳа, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳрӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу муроҷиатҳои ворухиён, таъсис бахши идораи нотариалӣ дар деҳаи Ворух бо мақсади хотима додани сарсониҳои мардум ба марказ низ аз масоили гуфтугӯи шаҳрдор бо сокинон будааст.

Аз оҳангарию боғдорӣ то оши девзираи Исфара: филми “Чоркӯҳ” намоиш дода шуд

Манбаъ мегӯяд, азбаски  Баҳоваддин Баҳодурзода қаблан дар вазифаи муовнии раиси вилоят буду бо вазъи ин минтақа огоҳ аст, ворухиён умед доранд ба мукилоташон расидагӣ мекунад.

Минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон дар марз бо Қирғистон қарор дорад, ки аз ҳисоби заминҳои тақсимношуда сари ҷанд муддат ихтилофоте сар мезанад ва ҳатто кор то тиркушоӣ мерасад.

Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80–и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

420
Барчаспҳо:
мулоқот, раис, Ворух, Исфара, Суғд, Тоҷикистон
Блокнот ВОЗ, архивное фото

СҶБ: шумори гирифторон ба COVID-19 дар ҷаҳон наздик ба 62 миллион нафар расид

0
(Таҷдидшуда 11:00 29.11.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст, ки шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон ба 61 миллиону 988 ҳазору 655 нафар расидааст ва шабонраӯзи гузашта боз 207 ҳазору 924 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) теъдоди муолиҷашудагон аз коронавирус дар ҷаҳонро 42 миллиону 789 ҳазору 210 ва фавтидагонро 1 миллиону 449 ҳазору 124 нафар эълон кард.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 3 211 нафари дигар ҷон бохтанд ва ҳоло дар бемористонҳои кишварҳои ҷаҳон 105 ҳазору 248 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Бояд гуфт, ки то санаи, 28 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 12 082 нафар чун мубтало  сабт шуда, 11 478 нафар ё 95,00% гирифторони  COVID-19 шифо ёфтаанд.

Роҳбаи СҶБ Тедрос Адханом Гебрейесус изҳор доштааст, ки коронавирус дар ҷаҳон баробар густариш намекунад.

Аслан ҳамаи кишварҳои олам бо ин мараз рӯ ба рӯ ҳастанд, вале ба сурати мухталиф. 70% сироятшудагон ва фавтидагон марбут ба чор кишвари бузург воқеъ шудааст ва дар мубориза бо коронавирус санҷишҳои тестӣ нақши муҳим мебозанд.

Ин созмон мегӯяд Амрико, Ҳинд, Бразилия ва Русия дар сархати кишвраҳое қарор гирифтаанд, ки мубталоёни бештар доранд. Аз 60 то 70 дарсади аҳолии олам бояд эм карда шаванд, то густариши коронавирус боздошта шавад. 

0
Барчаспҳо:
гирифторон, ҷаҳон, миллион, вируси корона, шумор, СҶБ