Латукӯби зан аз ҷониби милиса дар Душанбе, саҳна из видео

Сатторов аз “Воҳиди махсус” гуфт, чаро занро дар Душанбе латукӯб кард видео

1683
Милисае, ки субҳи иди Наврӯз дар маркази Душанбе як занро бо мушту лагад ва чӯбдаст кӯфт, Сафарбек Сатторов, маъмури “Воҳиди махсус”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. “Воҳиди махсус” ниҳоди хоси ВУД Тоҷикистон мебошад, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони олимақом машғул буда, маъмурини он асосан дар роҳҳои маркази Душанбе адои хидмат мекунанд. 

Тибқи иттилои ВУД, старшина Сатторов зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки ин зан дар кӯча фарёд мекард. Маъмури милиса тавзеҳ додааст, ки ҳангоме хост, занро ором кунад, ин зан вайро задааст. Дар натиҷа Сатторов оташин шуда, сари хашм занро кӯфтааст.

ВУД таъкид намудааст, ки айни ҳол таҳқиқи қазия идома дорад ва дар пайи муайян шудани асли қазия гунаҳкор муҷозот мешавад.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он корманди ВУД дар тан либоси хидматӣ занеро латтукӯб мекард.

Муаллифи навор дар шарҳи видео навиштааст, ки ҳодиса дар маркази Душанбе, дар назди Вазорати дифои Тоҷикистон рух додааст. Бисёри роҳгузарон дар ин қазия бетарафиро ихтиёр кардаанд, аммо марде аз ин амали милиса эрод мегирад. Ба баҳонаи пешовардаи милиса, ки ин зан девона аст, марди роҳгузар посух медиҳад, ки девона бошад, ба девонахона бараш ва таъкид мекунад, ки милиса занро накӯбад. Аммо дар қисмати дигари навор дида мешавад, ки аллакай зан бар замин ғалтидааст ва маъмури милиса дар болояш истодааст.

"Ин саҳна дар рӯзи ид аст. Ҳодисаи даҳшатвор имрӯз дар наздикии Вазорати мудофиа, назди қаҳвахонаи "Паркинг" рух додааст. Милиса занро зад. Мардон бошанд аз назди ин саҳна бепарво мегузаранд. Мардон дифои шумо дар куҷост? Мо аз кормандони милиса ҳимоя меҷӯем, онҳо худашон ҷинояткоранд. Бояд ёфт ва ҷазо дод!", - навишт муаллифи навор дар Фейсбук.

Корбарон низ ин амали корманди мақомотро зери тозиёнаи танқид қарор дода, изҳори умед кардаанд, ки гунаҳкорони ҳодиса ҳатман муҷозот мешаванд.

1683