Садамаи пурқурбонӣ дар маркази Душанбе бо иштироки Кабир Кабиров, сокини 18-солаи Душанбе

Парвандаи ҷиноии №4070 алайҳи писари 18-солаи соҳиби “Султони Кабир”: шарҳи ВУД

9840
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар маркази Душанбе бо иштироки Кабир Кабиров, писари 18-солаи Аваз Кабиров, соҳиби бозори “Султони Кабир”-ро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, шоми 23 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 22:06, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-450" рақами қайди давлатиаш 1555 КК 01, Кабиров Кабир Авазхонович, соли таваллудаш 02.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, суръати ҳаракатро баланд карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

“Кабиров ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Рудакӣ, аз тарафи кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Бухоро дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанини канори рости роҳбуда бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович, соли таваллудаш 2000 ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд.

“Худи ронанда Кабиров Кабир Авазхонович ва мусофири дигари автомашина Убайдуллоев Саидвалӣ Умаралиевич, соли таваллудаш 2000 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд”, - илова намуд раёсати ВУД Душанбе.

Мақомот таъкид карданд, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати ронанда Кабиров Кабир Авазхонович бо моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ - вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда нафар гардидааст, парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами №4070 аз 24 март оғоз карда шуд.

Раёсати ВУД афзуд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабир Кабиров, ки донишҷуи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, феълан идома дорад.

9840
Генеральный директор Ассоциации Аэропорт Виктор Горбачев

Горбачёв дар бораи омодагии фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои барқарории парвозҳо гуфт

58
(Таҷдидшуда 23:48 24.10.2020)
Пас аз кушодани сарҳадҳо, ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳои ИДМ-ро аз сар гирифтан мумкин аст, гуфт директори генералии Ассотсиатсияи "Фурудгоҳ" Виктор Горбачёв

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

"Ҳоло муҳим аст, ки парвозҳо ҳадди аққал ба ҳамсоягон ва Русия дубора аз сар гирифта  шаванд, дар он сурат барқарорсозӣ хоҳад шуд",- гуфт Горбачёв ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти аввалин кушодани марзҳост. Вақте ки табибон марзро боз мекунанд, он гоҳ муҳокимаи барқарор кардани парвозҳо оғоз мешавад, таъкид кард ӯ.

Ба андешаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд дубора парвозҳоро дар тӯли як ҳафта омода кунанд, дар ин давра нуқтаҳои санҷиши иловагӣ кушода мешаванд, вагарна онҳое, ки меоянд, пас аз расидан бояд карантинии дуҳафтаинаро гузаранд.

Ҳама фурудгоҳҳои ИДМ пас аз иҷозаи тиббӣ пас аз як ҳафта омода мешаванд.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Вай инчунин қайд кард, ки ҳамаи фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳо ба хориҷ аз он анҷом дода мешаванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ барои ташхисҳои экспресс таъмин мебошанд, ки натиҷаро дар як соат медиҳанд.

58
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, парвозҳо, Русия, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

660
Ронандаи худрави "Опел - Вектра" аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи мошингарди "НФС - Ориё, дар ҳудуди деҳоти Бостон рух дод, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ рӯзи  23 - юми октябр, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Сафари 72 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди "НФС-Ориё", дар ҳудуди деҳоти Бостон аз роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асоси баромаданаш ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" бархӯрд.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Сари идораи ин худрав Авлиёқудов Шаҳрихони 20 - сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт. Номбурда бо роҳи асосӣ аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард.

Дар натиҷа ҳардуи автомабилҳо зарари техники дида, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов ва мусофири автомашинаи мазкур, Сафаралиев Гурез, соли таваллудаш 1941, сокини ҷамоати деҳоти Чорсу, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

660
Барчаспҳо:
бархӯрди худравҳо, нақлиёт, роҳ, садама