Қабристон, акс аз бойгонӣ

Ифротиҳо не: милиса шиканандаи сангҳои мазор дар Истаравшанро муайян кард

784
Маъмурини милиса муайян кардаанд, ки сангҳои мазорро дар қабристони шаҳри Истаравшан навраси 14-сола шикастааст

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Тибқи гузориши раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар пайи шикояти сокинон дар бораи шикастани сангҳои мазор дар қабристони деҳаи Боғи калони ҷамоати Гули Сурх, маъмурини милиса муайян кардаанд, ки ин амал хусусияти ифротгароӣ надорад.  Муроҷиатҳо дар мавриди шикастани сангҳои мазор аввали моҳи равон оммавӣ шуданд.

Масъулини ВУД таҳқиқ карда, муайян намудаанд, ки сангҳои мазорро дар деҳаи Боғи калон навраси 14-сола шикастааст.

Наврас, ки худ сокини деҳаи Сандағундаки ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан мебошад, изҳор доштааст, ҳангоми чарондани гӯсфандонаш дар ин маҳал барои гардондани самти ҳаракати чорво санг партофтааст. Маъмурини ВУД мегӯянд, бо сангҳои ҳавододаи наврас ба сӯи гӯсфандҳо сангҳои мазор шикаста шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ 5 санги мазор шикаста шудаанд ва ба аҳолии деҳаи Боғи калон асли воқеа фаҳмонда шуд.

РВУД дар Суғд афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бо ноболиғ ва волидонаш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд, зеро ин наврас ба далели ба синни 16 нарасиданаш наметавонад барои “вандализм” ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шавад.

784