Мошинҳо шино мекунанд: Самарқанд зери об монд

© МЧС Республики УзбекистанВ Самаркандской области выпали сильные осадки
В Самаркандской области выпали сильные осадки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар айни ҳол дар Самарқанд корҳои наҷотбахшӣ дар авҷ аст.

Душанбе, 29 мар - Sputnik. Борони пуршиддат кӯчаҳои шаҳри Самарқандро зери об гузошт, айни замон наҷотбахшон кӯчаҳоро тоза мекунанд, хабар медиҳад КҲФ Узбакистон.

"Дар робита ба обхезӣ дар кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода корҳои наҷотбахшӣ мегузаронад",-омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар паи боронгариҳои пуршиддати рӯзи 29 март кӯчаҳои шаҳри Самарқанд зери об монданд. Дар бораи қурбониён чизе гуфта нашудааст.

"Борон дар роҳи худ ҳамаи ахлотро ҷамъ карда мебарад, ки ба кори наҷотбахшон халали бузург ворид мекунад",-гуфтанд ба РИА Новости аз шаҳрдории Самарқанд.

Ба гузориши обуҳавошиносони Узбакистон рӯзҳои 26-29 март дар аксари минтақаҳои ин кишвар боришот пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин дар бархе аз ноҳияҳо борон пуршиддат хоҳад шуд ва танҳо дар рӯзҳои истироҳат ҳавои соф ҳукмфармо хоҳад гардид.

Лентаи хабарҳо
0