Дилбаршои 74-сола аз Ванҷ ба Душанбе меҳмон шуду ба садамаи маргбор афтод

© SputnikРазбитое стекло автомобиля, архивное фото
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пирамард дар садама ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Душанбе марди 74-солае дар пайи садама ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои ВУД, ҳодиса 5-уми апрели соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ 21043", Ҳамидов Мансурҷон Маҷидович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Ҳаёев аз тарафи кӯчаи Абая ба тарафи кӯчаи С.Шерозии пойтахт, пиёдагард Айдаров Дилбаршо, соли таваллудаш 1945, сокини ноҳияи Ванҷро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Айдаров Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0