Разбитое стекло автомобиля, архивное фото

Эй сорбон, оҳиста рон!: беэҳтиётии ронанда ва ҳалокати пиёдагард дар рӯзи 1 май дар Ваҳдат

187
Дар шаҳри Ваҳдат пиёдагард дар пайи садама дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст

ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар шаҳри Ваҳдат хабар дода менависад, "Эй сорбон, оҳиста рон!".

Ба иттилои манбаъ, дар ин садама, ки пиёдагард ҳалок шудааст, ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 1-уми майи соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Миралиев Баҳром Шамсиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Каримов Бахтиёр Абдуманонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагард Миралиев Б.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

187
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

10
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

10
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

420
(Таҷдидшуда 16:50 29.09.2020)
Дар ҷараёни музокирот Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Арипов масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сарвари ҳукумати Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот кард.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи масъалаи кушодани робитаҳои нақлиётӣ миёни ҷумҳуриҳо гузошта шудааст.

Расулзода зимни гуфтушунид таваҷҷӯҳро ба тавсеаи гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҷалб кардааст.

Бар поияи оморҳои расмӣ,  гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Давоми ҳашт моҳи соли равон бошад содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро дар бар мегирад.

 Сарвазири Тоҷикистон аснои мулоқот қайд кардааст, ки дар оянда гардиши савдои хориҷии ҷумҳурҳо ба як миллиард доллар расиданист.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Расулзода инчунин ба Узбакистон барои кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ташаккур гуфт.

Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусбат арзёбӣ кардааст.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории ду кишвари бародар саҳифаи тиллоиро кушод.  Ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад ва имрӯз мо ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худро муҳокима кардем" гуфт ӯ.

Ҳамзамон зимни гуфтушунид, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

420
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон