Ҳабс, акс аз бойгонӣ

Боздошти муттаҳам дар ҳамла ба хонаи сардори милисаи Турсунзода бо гранатомёт

1564
(Таҷдидшуда 14:05 17.06.2019)
Додситонии кулли Русия муттаҳам дар ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаи сардори милисаи ноҳияи Турсунзодаро ба Тоҷикистон истирдод кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти Русия, муттаҳам бо дархости ҷониби Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта дар вилояти Оренбург боздошт гардида буд.

Расонаҳои минтақавӣ навиштаанд, ки зимни санҷиш барои истирдод муайян шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон боздоштшударо дар сӯиқасди куштор муттаҳам мекунанд.

Бар асоси парванда, муттаҳам бо шариконаш моҳи феврали соли 1998 хостаанд аз сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Турсунзода барои ифтитоҳи парванда алайҳи онҳо қасос гиранд.

Раҳмон дар бораи ҳамла ба масҷидҳо: ин боз нишон медиҳад, ки терроризм дину миллат надорад

Бо ин мақсад муттаҳамон хонаи сардори милисаро аз автомат ва гранатомёти дастӣ ҳадафи тирпарронӣ қарор додаанд.

“Дар пайи ин ҳамла, хонаи сардори шӯъбаи умури дохилӣ ва ҳамсояаш хароб шудаанд, аммо ҳеч кас ба ҳалокат нарасидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки муттаҳам дар ҳамла мавриди пайгард қарор дошт ва моҳи октябри соли гузашта дар вилояти Оренбург боздошт гардид. Ҷузъиёти бештари ҳодиса ироа нашудааст.

1564

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

13
(Таҷдидшуда 13:00 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

13
Девушка в наручниках, архивное фото

Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

69
(Таҷдидшуда 12:28 10.08.2020)
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Негматова Мунира омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ,  Негматова Мунира Мухамедовна ба чунин амал ҳангоми дар вазифаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истоданаш даст задааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуд.

“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Агентӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Негматова М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

69
XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

0
Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент ҳуқуқ доранд расман кор кунанд.

Барои кор кардан донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.

0
Барчаспҳо:
онлайн, омӯзиш, донишгоҳ, Русия