Мард дар ҳоли ғарқшавӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори Кумита: ҳар рӯзи июн дар Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд

1229
(Таҷдидшуда 18:35 21.06.2019)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, марди 47-сола, зодаи ноҳияи Роштқалъа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ҳодиса 18 июни соли равон ҳангоми шиноварӣ рух дода, наҷотдиҳандагон ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Манбаъ афзуд, ки имсол мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ 1 июн оғоз гардид ва аллакай дар 20 рӯзи моҳи июн 40 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

“Аз ин  шумора  21 нафарашон  наврасони то  17-сола мебошанд. Соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд. Аз ин теъдод 27 нафар  кӯдакони то даҳсола ва 23 нафарашон то ҳабдаҳсола  буданд. Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35-сола ташкил медод”, - омадааст дар иттилоия.

Аз аввали моҳи июн то имрӯз кормандони  Кумита ҳаёти 12  нафарро аз марг наҷот додаанд, навиштааст “Ховар” аз қавли Умеда Юсуфӣ, сухангӯи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Юсуфӣ изҳор доштааст, ки масъулони кумита бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ  бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанду даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

1229
Барчаспҳо:
наҷот додан, наҷотдиҳӣ, ҳалокат, шиноварӣ, ғарқ, Тоҷикистон