Автомобиль реанимации

Таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар Қазоқистон

95
(Таҷдидшуда 14:16 24.06.2019)
Аҳволи се кас, ки дар паи таркиш дар Арис ҷароҳатдор шуданд, вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Беш аз 10 кас аз қисми низомии шаҳри Ариси Қазоқистон ба бемористони маҳаллӣ оварда шуданд. Аҳволи се ҷароҳатдор вазнин арзёбӣ мешавад. 

Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.

"Се кас дар ҳолати вазнин қарор доранд, дар умум наздики даҳ кас ба мо муроҷиат карданд. Ҷароҳатдорон ба мо муроҷиат мекунанд ва мо дарҳол ба онҳо ёрӣ медиҳем. Мо омодаем захмиёнро қабул кунем",-гуфт сардухтури беморхона Абилай Добай.

Каме баъдтар мушовири ҳокими вилояти Туркистон Сакен Калкаманов, дар гузоришаш дигар нишондодҳоро ироа кард.

Бино ба маълумоти пешакӣ ба бемористон шаш кас бо ҷароҳати начандон вазнин муроҷиат кардааст. Яке аз захмиён низомӣ буда барои табобат ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шудааст.

Дар Арис чӣ гузашт?

Рӯзи душанбе, 24 июн дар яке аз анборҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини шаҳри Арис ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад, ки каме баъдтар ба таркиш оварда расонд.

Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Қазоқистон сабабҳои ин қазия омӯхта мешаванд.

Дар шаҳри Арис 43 ҳазор кас ба сар мебарад. Пас аз таркиш дар ин шаҳр ҳолати фавқуллода эълон шуда, сокинон ба ҷойҳоли бехавф кӯчонида мешаванд.

95
Строительство нового дома в Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани сохтмонӣ дар Душанбе

13
(Таҷдидшуда 10:32 10.08.2020)
Дар пайи чаппашавии крани борбардор дар бинои навсохте воқеъ куча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

13
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

274
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

274
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон