Умеда Ғаффурова, муттаҳам дар қатли ваҳшиёнаи Ҷамила Воҳидова дар ноҳияи Ёвон

Боздошти Умедаи 25-сола бо иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи Ҷамила

6341
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти муттаҳам дар қатли ваҳшиёнаи Ҷамила Воҳидова дар ноҳияи Ёвон хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса Умеда Ғаффурова, сокини 25-солаи ноҳияи Ёвонро дастгир кардаанд, ки дар куштори ваҳшиёнаи Ҷамила Воҳидова, сокини дигари ин ноҳия айбдор мешавад.

“Воҳидова Ҷамила Артеловна санаи 3-юми июли соли равон бо як бераҳмии махсус дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав, бо истифода аз корди ошхонагӣ ба ҳалокат расонида шуда буд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки муттаҳам Ғафурова Умеда, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати Обшорон мебошад, ки аз рӯи хусумати шахсӣ даст ба куштор задааст.

ВУД илова кард, ки феълан алайҳи Ғафурова аз ҷониби додситонии ноҳияи Ёвон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

6341
Барчаспҳо:
ҷавондухтар, боздошт, парванда, қатл, Ёвон, Тоҷикистон