Ювелирные изделия, архивное фото

Меҳмонҳои дузд: муҳоҷирони тоҷику узбак пули меҳмондорро дуздиданд

320
(Таҷдидшуда 13:17 05.07.2019)
Муҳоҷирони тоҷику узбак аз маст шудани меҳмондори худ истифода бурда, даст ба дуздӣ заданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Додгоҳи Владивостоки Русия дар қиболи ду муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳукм содир намудаст, хабар медиҳад сомонаи Вести Владивостока.

Бино бар иттилои манбаъ, муҳоҷирони корӣ, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон буда дуввуми шаҳрванди Узбакистон аст, бар асоси моддаи 158 қисми 3 (дуздӣ) гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур ҳанӯз моҳи октябри соли 2018 дар манзили истиқоматии сокини шаҳри Владивосток рух додааст.

Муҳоҷирон ҳамроҳ бо соҳиби хона арақнӯшӣ мекунанд ва вақте меҳмондорро хоб мебарад, онҳо аз манзили вай ба маблағи беш аз 489 ҳазор рубл ҷавоҳирот, ба яғмо мебаранд.  

220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Додгоҳ ҳар дуи онҳоро дар содир намудани ҷинояти дуздӣ айбдор дониста ба мӯҳлати 1 солу 4 моҳ онҳоро равонаи зиндон намуд.

 Ҳамзамон суд ҳукм баровард, ки ҷавоҳироти дуздидаи соҳибхонаро низ бозпас оварда супоранд.

320
Барчаспҳо:
узбак, тоҷик, меҳмонӣ, дуздӣ, Владивосток
Кровать в номере, архивное фото

Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст

612
(Таҷдидшуда 12:49 07.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар дод, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.

Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

612
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҷавон, нигаҳдорӣ, фоҳишахона, ВУД, Тоҷикистон
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

603
(Таҷдидшуда 11:36 07.08.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35-сола хабар доданд, ки ҳамсари ҷавони худро аз ҳисиёти рашк бӯғӣ карда ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Масъулини ВКД таъкид доштанд, ки номбурда, санаи 4-уми августи соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки марди 35-сола баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

603
Барчаспҳо:
зан, ҷавон, ҳалокат, ҳамсар, мард, боздошт, Тоҷикистон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

0