Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Ғарқ шудани 55 тан дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон

70
Моҳи дувуми тобистон нав шурӯъ шудаат, аммо дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон мутаассифона 55 нафар ғарқ шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik.  Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ ба далели риоят накардани қоидаҳои оббозӣ дар кишвар 55 нафар ҷон бохтаанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин кумита рӯзи 5 июл ба сомонаи Tajikistan Times  гуфтааст, ки аз ҷумлаи афроди ғарқшуда 23 нафарашро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Дар соли 2018 дар маҷмӯъ, дар махзанҳои оби Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шуда буданд. Дар соли ҷорӣ шумори ғарқшудагон дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Раёсати ин ниҳод дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд. Ҳадафи роҳандозии ин чорабинӣ санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои оби шаҳри Душанбе буд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳамчунин сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот дар соҳилҳо низ санҷида шуданд.

Дар ин чорабиниҳо кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариро фаҳмониданд, ҳамчунин дар бораи расонидани кумакҳои аввал ба шахсони наҷотёфта нақл карданд. Дар омӯзишҳо ба ширкаткунандагон амалан нишон доданд, ки агар каси ғарқшударо наҷот диҳанд, бояд аввал чӣ кунанд ва ёриҳои аввалия чӣ гуна бояд бошанд.

Кормандони Раёсати КҲФ аз шаҳрвандон хостанд танҳо дар минтақаҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст ва дар манотиқе, ки иҷозаи шиноварӣ дода нашудааст, нараванд. Муҳимтар аз ҳама кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

КҲФ аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар сурати шоҳид ва ё ширкаткунандаи фоҷиае ё ҳодисаи нохуше шаванд ҳатман бо телефонҳои хадамоти фаврӣ 112 ва ё 93 880 28 19  муроҷиат намоянд.

70
Девушка в наручниках, архивное фото

Занакҷанг: боздошти се зан барои латукӯби Саодати 23 сола соати 4-и субҳ-видео

14
(Таҷдидшуда 11:03 08.08.2020)
Мақомоти пулиси пойтахт аз боздошти се зан хабар медиҳад, ки дар ташкили занозании гуруҳӣ ва латукӯби ҷавонзани дигар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии РВКД Душанбе  боздошти занон дар пайи таҳқиқи навори дар шабакаҳои интернетӣ санаи 6 август паҳншуда сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, дар навор лаҳзаи латукӯби як нафар ҷавонзан аз ҷониби гуруҳи 5-6 нафараи занон инъикос гардида, гуруҳи занони авбош бар замми он, ки ҷабрдидаро латукуб намуда истодаанд, боз аз дашному ҳақоратҳои қабеҳ истифода намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон ва оромии сикононро халадор намудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи баррасии навор Шаҳноза Ҳакимова, сокини 30-солаи ноҳияи Мӯъминобод, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд, Дилбар Шарипова, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб ва сокини шаҳри Ҳисор Садафмо Холоваи 29-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 6 август тахминан соатҳои 4 ба 5-и саҳарӣ нафарони дастгиршуда ҳангоми қарор доштан дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ва бадбинӣ нисбат ба шаҳрванд Назирова Саодат Рустамовна 23 сола, зода ва сокини шаҳри Душанберо дар ҳайати гуруҳӣ ва ба таври ваҳшиёна мавриди латукуби шадид қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. 

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба се тани боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳамзамон ду тани дигар дар ҳолати бозпурсиянд ва гар дар ин ҳодиса шарикияшон исбот шавад, онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

14
Кровать в номере, архивное фото

Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст

797
(Таҷдидшуда 12:49 07.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар дод, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.

Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

797
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҷавон, нигаҳдорӣ, фоҳишахона, ВУД, Тоҷикистон