Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург сайёҳи колумбиягиро "кӯр" карда ғорат намуданд

402
(Таҷдидшуда 14:54 07.07.2019)
Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург ба рӯи сайёҳ гази қаламфурӣ пошида ӯро ғорат карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду муҳоҷири тоҷик ба сайёҳи колумбиягӣ ҳамла карданд, хабар медиҳад "Фонтанка".

Ин ҳодиса субҳи барвақт дар маркази шаҳр рух додааст.

Бетартибиҳо дар Қазоқистон: чаро сокинон шаҳрванди хориҷиро мекӯбанд? - видео

Тибқи иттилои расмӣ, ду муҳоҷири тоҷик дар хиёбони Банковский ба рӯи сайёҳи 40-сола баллони қаламфурӣ пошида, ӯро ғорат кардаанд.

Марди колумбиягӣ нахуст ба бемористон рафтааст. Пизишкон дар паи баргузории ташхис маълум кардаанд, ки қарнияи чашми сайёҳ аз зарби газ сӯхтааст.

Узрхоҳии Алӣ Довуд аз президент ва мардуми Қазоқистон барои акс дар Instagram - видео

Пасон ҷабрдида ба мақомоти пулис рафта шикоят бурдааст. Ба нақли сайёҳ саҳари барвақт дар назди хонаи дуюми хиёбони Банковский ду мард аз пешаш баромада ба рӯяш газ пошида телефонашро дуздиданд.

Дар Бишкек шаҳрванди Нигерия - мудири Cambridge School - ро то мурдан кӯфтанд - акс

Дар паи баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ мақомоти пулис ду ҷавони тоҷик, ки 23-сол доштаанд, дастгир кардааст.

Зимни бозҷӯӣ аз муҳоҷирони тоҷик се телефони ҳамроҳ аз ҷумла телефони сайёҳи колумбиягӣ ёфт шудааст.

402
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Сайёҳ, газ, пулис, ғоратгарӣ, Петербург, Колумбия