Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Келинам зани хуб буд: нақли хусуру хушдоман аз ҳодисаи куштори арӯсаке дар Истаравшан

3289
Дар қатли арӯси 22-солае дар Истаравшан як ҷавони 25-сола муттаҳам мешавад, ки ба иттилои мақомот бемории рӯҳӣ дорад. Аммо хусуру хушдомани арӯс оиладор ва фарзанддор будани ҷавони муттаҳамро таъкид намуда, мегӯянд, ки ба девона буданаш бовар надоранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Чанде пеш Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани зани 22-солае дар деҳаи Ясии шаҳри Истаравшан хабар дода, тавзеҳ дода буд, ки муттаҳам дар ин ҷиноят ҷавони 25-солае мебошад, ки бино бар иттилои пешакии тафтишот бемории рӯҳӣ дорад.

Хабарнигори  "Тоҷикистон таймс", ба ҷойи ҳодиса рафта, бо хусуру хушдомани зани кушташуда - Нигина сӯҳбат карда, ҷузъиёти бештареро ошкор намудааст.

Ҳодиса субҳи 12 июн дар боғи деҳаи Ясии шаҳри Истаравшан рух дода буд.

Ба нақли пайвандони шавҳари Нигина, ӯ арӯси хубу хоксоре будааст. Аммо онҳо нигаронанд, ки чаро маҳз ӯ зери ҳадафи қотил қарор гирифт.

Субҳи ҳамон рӯз зан баъди анҷоми корҳои хона, соати 6:30 говҳои хоҷагиро ба боғи деҳа бурдааст, ки мех карда ояд. Аммо барнагаштааст.

"Нигина соати 5 саҳарӣ аввал намозашро хонду баъд ба ҳавлиҳо об пошид. То дами обро ҷабидани ҳавлӣ дар ошхона ноништа омода кард. Чун доимӣ говро ба заминҳои кишт бурд, ки мех карда ояд. Маъмулан 15-20 дақиқа вақт сарф мекард. Аммо рӯзи 12 –ум соати 6:30 говро бурду соат 7 шуда бошад ҳам, дарак нашуд", - нақл мекунад Ҷамол Ҷумъаев хусури марҳум.

Хусуру хушдоман якҷо бо волидони арӯс ба кофтукоби вай мебароянд. Аммо дар саҳрое, ки Нигина говҳоро мехбанд карда буд, ҷасади вайро пайдо мекунанд.

" Аҳли оила якҷо бо падари келин ба саҳро рафтем, то Нигинаро пайдо кунем. Вақте ба таги дарахти чормағз расидем дидем, ки сатилҳои оби бо худ бурдааш пури об истодаанд. Дар паҳлуи сатилҳо ҷӯй ва дар дохили ҷӯй ҷисми беҷони Нигина хобидаасту рӯяш бо рӯймоли сараш пӯшида", - афзудааст мард.

Ба иттилои  тафтишот, дар ҳамин боғ, арӯсак бо Фаррух ном ҷавоне, ки дар қайди беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ меистод, рӯ ба рӯ мешавад, ки бемориаш хурӯҷ карда будааст. Ҷавон занро боғӣ мекунад ва ҷисми беҷони ӯро ба ҷӯйбор тела медиҳад.

Аммо Ҷамол Ҷумъаев оиладору фарзанддор будани Фаррух Холмуҳаммедовро таъкид карда, мегӯяд, ки ба девона будани ҷавон бовар надорад.

Ба гуфтаи мард, Фаррух ҳатто лаҳзаи содир кардани ҷиноятро ба навор гирифтааст.

"Масъулини мақомоти тафтишотӣ бояд тамоми ҷузъиёти кушторро таҳлил кунанд. Қотеъона мегӯям, ки Фаррух солим аст ва оиладору фарзанддор. Бояд барои амали ваҳшиёнааш дар пеши қонун ҷавоб гӯяд. Агар  девона мебуд, ҷасадро дар ҷӯй пинҳон намекард. Ҷисми беҷони келинамро ба таги дарахти чормағз бурда кӯшиш кардааст, ки ҳар ду рӯймолашро гиреҳ карда мурдаро дар дарахт кашол кунад, то ҳама гӯянд, ки Нигина худкушӣ кард. Хайрият тез-тез омадурафт кардани мардум монеи ин сохтакорӣ шудааст", - таъкид мекунад Ҷумъаев.

Зимнан, хушдомани Нигина Роҳат Ҷумъаева низ умед дорад, ки тафтишот паҳлӯҳои норавшани ҳодисаро маълум мекунад ва қотил ҷазо мегирад.

Ёдрас мешавем, ВУД дар гузоришаш таъкид карда буд, ки Фаррух Холмуҳаммедов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, зеро "гаштугузори мубталоёни бемории руҳӣ миёни ҷомеа таҳдид ба ҷони дигарон дорад".

3289
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

112
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

112
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон
Крокодил, архивное фото

Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд

2571
(Таҷдидшуда 19:16 06.03.2021)
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The ​​Sun.

Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.

Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид  кард.

Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.

Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.

Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.

Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видео

Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.

Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.

2571
Барчаспҳо:
кӯдак, тимсоҳ, Индонезия
Уничтожение наркотических средств, архивное фото

Боздошти аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Икром бо 102 кило маводи мухаддир: худаш дар пайгард

0
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкорсозии як гурӯҳи ҷиноӣ хабар дод, ки дар ҳудуди кишвар ба интиқолу паҳнсозии маводи мухаддир даст мезадаанд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Воҳидулло Валади Мирафғони 29-солаи шаҳрванди Афғонистон ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз ӯ 79 килою 974 гарм ҳашиш, 20 килою 72 гарм афъюн ва 2 килою 410 грам метаамфитамин кристал, дар умум 102 килою 984 гарам воситаҳои нашъадор дарёфту мусодира гардид.

Худи Воҳидуллоҳ зимни бозпурсӣ гуфт, бо даъвати шариконаш аз Тоҷикистон ба ин кор ҳамроҳ шудааст.

"Ҳоҷифирадвс, ки маро гуфт биё мерем Тоҷикистон ба тоҷикӣ гап мезад. Гуфтанд ҳаминҷо маводи мухаддир аст, як мошини тоҷикӣ меод ва сад доллар медиҳаду бор мекунад. Мошини тоҷикӣ омад маводи мухаддирро бор кард ва ман низ савори мошин шудам, ки пулисо доштанд",-мегӯяд шаҳрванди Афғонистон.

Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шудааст

Гуфта мешавад дар пайи кофтуков саркадаи гуруҳи ҷонӣ ва шарикони ӯро низ ошкор шудаанд.

"Муаян шуд, ки роҳбари гуруҳ Каримов Икром бо тахаллуси Ҳоҷӣ Икроми 41-сола сокини ноҳияи Ёвон мебошад ва ин маводи мухаддир бо маслиҳати ӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст", - мегӯяд ВКД.

Ба иттилои манбаъ, дигар нафарони паҳнкунанда Шарипов Шералии 56-солам сокини Панҷ, Абдуллозода Худшед бо тахаллуси Ҷамшед сокини Ёвон, Давлатов Саиди 36-сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Яъқуби Абдулмаҷид шаҳрванди Афғонистон мебошад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷор нафар боздошт шуда, саркардаи гуруҳ Ҳоҷӣ Икром ва Яъқуби Абдулмаҷид дар пайгард қарор доранд.

Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир

ВУД мегӯяд ин гуруҳ талош доштанд маводи мухаддирро дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯш бароранд.

Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

0