Сход селей в Таджикистане

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми хисорот аз сел ҳисобида шуд

141
(Таҷдидшуда 17:36 17.07.2019)
Мақомоти ҳокимияти Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, ки боришоти барзиёди борон ба ин манотиқи кӯҳӣ, хисороти зиёд овард

ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Бар хабари сомонаи расмии ноҳияи Мастчоҳ, чанде пеш аз ҳисоби гармии бесобиқа ва обшавии барфу пиряхҳо маҷрои оби рӯдхонаи деҳаи Водиф зиёд шуда, роҳи муваққати мошингузари ин деҳаро пурра хароб кардааст.

Ба маълумоти сардори ҳолатҳои фавқуллодаи ин ноҳия Исматулло Қозизода, зарари расида аз офати табиӣ беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, сел 10 тонна семент, 1 адад булзореи пуриқтидор ва дигар таҷҳизоту масолеҳи сохтмоние, ки ба деҳаи Водиф барои бунёди кӯпруки мошингузар оварда шуда буд, бо худ ба дарёи Зарафшон бурдааст.

Борони сел дар Конибодом ба 8, 3 милион сомонӣ зарар расонд

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бар асари баландшавии ҳарорати ҳаво, ки боис ба обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо гардида буд, маҷрои рӯди Зарафшон зиёд шуда, дар деҳаи Водиф як пул, 150 метр роҳи мошингузар, 70 метр ҷӯй ва 3 адад нерӯгоҳҳои барқии хурдро пурра хароб карда буд.

Хисорот ин офати табиӣ соли гузашта дар ин макон беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуда буд.

Зимнан, боронгариҳои ахир боис ба фаромадани сел дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд шуда буд, ки дар натиҷа пул ва роҳи мошингарди ноҳияи Сангворро харобу валангор намуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гуфта буд, ки бар асари ин офати табии дар ноҳияи Сангвор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст.

141
Барчаспҳо:
ҳисоб, хисорот, сел, Мастчоҳ
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера

Дарёфти ҷасад аз кӯли Ҷавонон: шахсияташ номаълум

347
(Таҷдидшуда 15:17 06.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз пайдо шудани ҷасади як ҷавон хабар медиҳад, ки шахсияташ номаълум мебошад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, субҳи рӯзи 4 - июли соли равон навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба навбатдори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дар бораи пайдо шудани як ҷасади шахсияташ номаълум дар Кӯли Ҷавонон хабар додааст.

Навбатдор гуфтааст, ҷасад дар об аст ва танҳо бахше аз танаи вай намоён шудааст.

Ҷасади як ноболиғи дар ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда пас аз се рӯз дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд

Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз дохили кӯл баровардааст.

Ҳамин тавр, ҷасади пайдошударо ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино супоридаанд.

Манбаъ афзуда, ки то кунун дар бораи ҳуввияти ғарқшуда маълумот дар даст нест.

347
Барчаспҳо:
шахсияти номаълум, дарёфт, ҷасад, Душанбе
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.

Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

912
(Таҷдидшуда 14:32 06.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ғарқшавии як ҷавон ва як ноболиғ дар дарёи Шоҳдараи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар додаанд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст,ки бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст.

Марги кӯдаки 3-сола ва захмӣ шудани навраси дигар дар Мурғоб: зери девор монданд

"Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ аст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.

Ҳоло кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд.

912
Барчаспҳо:
КҲФ
День 7 июля

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:53 06.07.2020)
Рӯзи ҳафтуми июл дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ буда, дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Қирғизистон Рӯзи кормандони молия мебошад

Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони  Эстония интихобот сурат гирифтааст.

Соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани  ҷанг қарор қабул намуд.

Соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка  ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.

Соли 1960 дар Арабистони Саудӣ гирифтани маълумоти олӣ барои занон иҷоза дода шуд.

Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 кушодашавии корхонаи муштараки тоҷикӣ-амрикоии “Sano” дар шаҳри Хуҷанд.

Соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

День 5 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.

Соли 2012 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

Соли 2013 маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии сил дар ноҳияи Вахш.

Соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл

  • Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.
  • Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания.
  • Рӯзи кормандони молия дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Перу.
  • Рӯзи истиқлолият дар Норвегия.
  • Рӯзи шаҳидон дар Малта.

Рӯзи 7 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1746 — астрономи итолиёӣ Ҷузеппе Пиатси, ӯ нахустин сайёраи хурди  — Тсерерро кашф карда буд.

Соли 1936 — математик ва физики советӣ, профессор, академик Юрий Осипов, ӯ солҳои (1991—2013) президенти Академияи илмҳои Русия буд.

Соли 1962 — сарояндаи русиягӣ, овозхони пешини гурӯҳи "Браво" Жанна Агузарова.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Мирмуъмин Абдулов (1958) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Турдихон Бердиева (1942 – 2008) – доктори илми филологӣ, профессор.

Неъматҷон Бобоҷонов (1939 – 1992) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Назаршо Назаршоев (1954) – доктори илми таърих, профессор.

Ҳофиза Наимова (1923) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Азиз Ниёзмамадов (1941 – 1995) – дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Равсаниёр Мавлуда (1968)- шоира.

Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров (1944) – адабиётшинос, профессор.

Гулузор Тўраева (1941) – меъмор – сохтмончӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ҷумъақул Ҳамроев (1947)- доктори илми филологӣ, профессор.

Шокирзода Замон (1941) – нависанда.

 

Рӯзи 7 июл кӣ вафот кард

Соли 1718 — подшоҳ Алексей, писар ва меросхӯри Петри I.

Соли 1930 — нависандаи англис, офаринандаи симои Шерлак Хомс Артур Конан Дойл.

Соли 1967 — ҳунарпешаи англис, дорандаи дукаратаи "Оскар".

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон