Ронандаи "ГАЗ-53" дар ноҳияи Шуғнон ронандаи "Старекс"-ро пахш намуд

© Sputnik / Нозим КаландаровПост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ронанда дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки 17- уми июли соли равон ронанда, сокини 31- солаи деҳаи Сижди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо автомашинаи "ГАЗ-53" зер намудаст.

Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду садамаи маргбор: марги ду дучархарони ноболиғу пирамард

Дар натиҷа пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Бар хабари манбаъ, рӯзи 17- уми июл, тахминан соати 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-53", Содатшоев Хусравшои 51- сола, сокини деҳаи Ғорҷини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шуғнон ба самти ноҳияи Мурғоб, дар километри 705-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Алимов Фаррухи 31- сола, сокини деҳаи Сиждро, ки дар тарафи рости шоҳроҳ истода буд, пахш намудааст. 

ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд

ВУД афзуд, ки дар натиҷа, Алимов Фаррух ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0