ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: ҳамсари ронанда ба ҳалокат расид

1119
(Таҷдидшуда 11:59 24.07.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикстон аз садамаи маргбор дар роҳи ноҳияи Қӯшониён хабар медиҳад, ки дар пай талафонти ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодиса 23-юми июли соли 2019 тахминан соати 08:30- дақиқа рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Сабзаев Мирзоалии 69-сола, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, ба ҷуқурии 26 метр чаппа шудааст. 

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа ҳамсари ронанда, Шарифова Саломати  64 – сола , ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ду садамаи маргбор: марги ду дучархарони ноболиғу пирамард

Маврид ба зикр аст, ки авохири ҳафтаи гузашта дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Ишкошими Бадахшон садамаи мудҳиши пурқурбонӣ рух дода буд, ки 4 кушта барҷой гузошт.

Амрико ВКД-ро аз садамаи нақлиётӣ дар Ванҷ хабардор кард

ВУД хабар дода буд, ки ронандаи мошин аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарё Панҷ сарозер мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар мусофир ҷони худро аз  даст медиҳанд.

1119
Барчаспҳо:
роҳ, ҳалок, мусофир, мошин, садама, Тоҷикистон
Портфель с документами, архивное фото

“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

20
(Таҷдидшуда 17:34 05.06.2020)
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ӯ ба Душанбе рафтааст.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

20
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

174
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

174