Купюры сомони

Дузд дар ноҳияи Қубодиён аз сандуқи зане 50 000 сомонӣ рабудаст

124
(Таҷдидшуда 13:42 24.07.2019)
Ҷавони 20 - сола ба дуздии 50 000 сомонӣ муттаҳам мешавад. Ӯ аз сандуқи як зани 61- сола дар ноҳияи Қубодиён маблағ рабудаст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазорати  умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Қубодиён аз сандуқи зане 50 000 сомонӣ рабуданд.

Ба иттилои манбаъ, зани 61- солаи сокини деҳаи Навободи ноҳияи Қубодиён ба кормандони милитсия муроҷиат намудаст, ки рӯзи 23-юми июли соли равон тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 50 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

ВУД: даст доштани се ноболиғ дар 8 дуздӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Телефонро маҷбурӣ гирифту ғайб зад, гумонбари дуздӣ дастгир шудааст

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки нисбати ҷавони боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,тафтишот идома дорад.

Қаблан Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари ба ин монанд хабар дода буданд. Он замон ноболиғи 16- сола аз сандуқи зани 50-сола дар ноҳияи Ҳисор 6000 сомонӣ рабуда буд.

ВУД: ошкоршавӣ дуздии 85000 рубл аз дохили ҳамён ва 3780 сомонӣ аз хазинаи нуқтаи мошиншӯӣ

124
Барчаспҳо:
боздошт, ҷавон, пул, дуздӣ, Қубодиён
Нурекское водохранилище

Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

13
(Таҷдидшуда 13:14 11.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки прапоршик Сафаров Анваршо, корманди идораи милиса дар шаҳри Норак, ҳангоми адои хизмат як духтарчаро аз марг наҷот дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8 июли соли равон Сафаров, духтари ноболиғро, ки дар дарёи Вахш дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод. Ин ниҳод аз амали Сафаров тавсиф кард, ки аз худ далериву ҷасурӣ нишон додаст.

Манбаъ афзуд, ки барои қадрдонии корманди милиса дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсӣ доир гардид.

"Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори шуҷоатмандонаи корманди милитсия Анвар Сафаровро намунаи баланди хизматӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми баланд ба мардум арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид", - омадааст дар иттилоия.

Сипас аз номи Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Саидаҳрор Мирзоев барои нишон додани мардонагиву шуҷоат ва содиқ будан ба савганди хеш ба корманд изҳори сипос намуда, дар фазои тантанавӣ ӯро бо тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ кард. 

ВУД илова намуд, ки инчунин дар назди ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ба прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович эълон карда шуд.

13
Барчаспҳо:
наҷотдиҳанда, милиса, размикор, Тоҷикистон
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

83
(Таҷдидшуда 12:34 11.07.2020)
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

83