Мавзуна Чориева. Архивное фото

Расонаҳо: Мавзуна Чориева бо хонаводааш ба садама афтод

5569
(Таҷдидшуда 15:55 27.07.2019)
Вазъи саломатии Мавзуна Чориева баъди ба садама дучор шудан хуб буда, танҳо каме дасташ осеб дидаст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дирӯз дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.

Бархе аз ҳаводорони ин муштзани муваффақ хабари нохуши садамаи Мавзунаро дурӯғ ва беасос хонаданд.

Таъиноту медалҳо: аз мақомгирии Шамсулло Соҳибов, Мавзуна Чориева ва Назаров то 59 медал

 Аммо имрӯз сомонаи Фараж бо истинод ба иттилои муовини президенти Федератсияи каратэ-киёкушинкайи Тоҷикистон Ҳусейнзода Нусратшоҳ  хабари нохушоянди ба садама дучор шудани Чориеваро нашр намуд.

"Ин хабар моро хеле сахт мушавваш сохт. Зеро Мавзуна Чориева, аввалин муштзани тоҷик, ки моро дар ҷаҳон муаррифӣ кард, ифтихори мо, кулли варзишгарони тоҷик аст. Ба садама дучор шудани Мавзуна Чориева шунида хеле худро нороҳат ҳис кардам", - изҳор намудаст Ҳусейнзода.

Номбурда зикр намудаст, ки пас аз дарёфт намудани ин хабар ба Мавзуна сӯҳбати телефонӣ доштааст. Худи муштзани тоҷик низ ин хабарро тасдиқ намуда афзудааст, ки дар ҳақиқат ҳамроҳи хонаводааш ба садама дучор шудаст.

Дар Душанбе муштзанони беҳтарини Тоҷикистонро муайян карданд

Ҳолаш хуб аст, танҳо каме дасташ осеб дидаст, қайд намудаст муовини президенти федератсия Ҳусейнзода Нусратшоҳ .

5569
Барчаспҳо:
садама, тоҷик, варзишгар, Мавзуна Чориева
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

114
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

114
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Ном ба ном: таъйину барканории ректорони чор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар

949
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қарор ректорони чор донишгоҳу донишкадаи кишварро озод ва таъйин намудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, бо қарори ҳукумати кишвар Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар ин мақом Фозилзода Мухтор Муродалиро иваз кардааст, ки сабаби барканорияш ба кори дигар гузаштан гуфта мешавад.

Ҳамзамон бо қарори ҳукумат Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд.

Номбурда дар ин вазифа Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадовичро бо сабаби ба нафақа баромадан иваз кардааст.

Исозода Диловаршоҳ Тариқ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шуда, Назарзода Хайрулло Холназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб озод карда шудааст.

Раҷабзода Маҳмадулло бошад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барканор карда шудааст.

Раҳмон бо 13 фармон тағйироти кадрӣ баргузор кард: кӣ вазифа гирифту кӣ ронда шуд?

Бо қарори ҳукумат ба мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Гулназарзода Ҷило таъйин шудааст.

949
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, донишгоҳҳо, барканорӣ, тағйироти кадрӣ
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон