Девушка в наручниках, архивное фото

Хушдоман барои ба худкушӣ расонидани келинаш паси панҷара рафт

756
(Таҷдидшуда 14:18 31.07.2019)
Дар вилояти Суғд як ҳолати суйи қасд ба ҷон аз ҷониби келини хонавода ба қайд гирифта шудаст. Омили аслии даст ба худкуши задани келинро ба таъқибу фишори хушдоманаш рабт медиҳанд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Додситони Тоҷикистон сокини вилояти Суғд Шоира Турдиеваро ба муддати се сол равонаи зиндон намуд.

Бар хабари додситонӣ, номбурда дар суйи қасд ба ҷони худ намудани келинаш даст дорад.

Келинам зани хуб буд: нақли хусуру хушдоман аз ҳодисаи куштори арӯсаке дар Истаравшан

Манбаъ мегӯяд, Шоира Турдиева моҳи марти соли гузашта писараш Абдумӯмин Тоҷибоевро ба сокини маҳаллӣ Фарангис Раҳмонова хонадор карда, аз рӯзҳои аввал ба таҳқиру хор кардан ва паст задани шаъну эътибори келин даст задаст.

Гуфта мешавад, роҳи халос шудан аз ин муҳитро зан дар худкушӣ дониста, дар маҳаллаи Ҷомии деҳоти Сарбанд аз болои купрӯк худашро ба дарёи "Сир" мепартояд, ки ин ҳолатро шаҳрванд Хуршед Юнусов дида, ӯро аз дохили дарё ба соҳил баровардааст.

"Дипломати амрикоӣ ҳамсари тоҷикашро паронду худкушӣ кард"

Дар додситони ноҳияи Спитамен нисбати Турдиева, бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳия ирсол мешавад.

Вазорати тандурустӣ омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавононро таҳқиқ хоҳад кард

Додгоҳи  ноҳия хушдоманро гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба се соли зиндон маҳкум мекунад, лекин бо ҳамин ҳукм дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятй ҷазои нисбати Турдиева таъиншударо шартан татбиқ накарда, нисбаташ ба муҳлати 1 сол санҷиш муқаррар намудааст.

756
Барчаспҳо:
Суғд, зиндон, худкушӣ, келин, хушдоман
Пограничный пункт пропуска

Ноамнӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон: фавти генерал ва 11 низомии озар

383
Задухӯрд дар марзи Арманиятону Озарбойҷон давоми се рӯз аст, ки идома дорад. Бар асари ноамниҳо дасти кам 11 низомии озар бо шумули як генерал ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Арманистону Озарбойҷон ба ҳалокати чандин нафар оварда расонд.

Вазорати дифои Арманистон аз кушта шудани ду афсар дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби Озарбойҷон хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, Боку хабар медиҳад, ки дар натиҷаи задухӯрд як генерал ва 11 низомии онҳо кушта шуданд.

“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Ёдрас мешавем, муноқиша дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон, рӯзи 12 июл оғоз ёфт ва акнун се рӯз мешавад, ки ноамниҳо дар  ноҳияҳои ҳамсояи Товуз ва Тавуш, ки бо Гурҷистон ҳамсарҳад ҳастанд, идома дорад.

Гуфта мешавад, дар макони тирандозӣ дар наздикии деҳаи Мовсес постгоҳҳои низомӣ ҷойгир шудаанд.

Арманистону Озарбойҷон дар тирандозӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Дар робита ба вазъи мавҷуда, созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд кишварҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҳар ду ҷонибро ба муколама даъват мекунанд.

Русия низ ба ҳар ду ҷониб барои расидан ба сулҳ пешниҳоди кумак намудааст.

383
Барчаспҳо:
ноамнӣ дар наздикии марз, Озарбойҷон, Арманистон
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

696
(Таҷдидшуда 15:28 14.07.2020)
Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Ёдрас мешавем, ки 4 июл низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба кайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб диданд.

696
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
День 15 июля

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:05 14.07.2020)
Рӯзи понздаҳуми июл Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон буда, дар Ботсвана – Рӯзи президент ва дар Бруней  – Рӯзи султон мебошад

Рӯзи 15 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.

День 14 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.

Соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.

Соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ва  муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл

  • Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
  • Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
  • Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Рӯзи 15 июл кӣ ба дунё омадааст

1606 — Рембрандт Харменс ван Рейн (соли даргузашт 1669), яке аз рассомони машҳури ҳолландӣ.

1870 — Леонид Красин (соли даргузашт1926), револютсионери русиягӣ, корманди ҳизбӣ.

1905 — Александр Хвиля (фавт 1976), ҳунарманди русиягӣ ва украинӣ, ҳунарманди халқии ИҶШС.

1939 - Алӣ Ҳоманаӣ, сиёсатшиноси эронӣ, президенти Эрон (1981—1989), раҳбари давлат  (аз соли 1989).

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1922 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.

1941 – журналист Нур Табаров.

1948 – журналист Саидқул Шопалангзода.

1953 – журналист ва нависанда Раҳмон Остон.

1954 – нависанда  Баҳманёр.

Рӯзи 15 июл кӣ даргузашт

1904 — Антон Чехов (соли таваллуд 1860), драматург ва нависандаи рус.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

1954 — Садриддин Айни (соли таваллуд 1878), шоир ва нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон