Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Куштор дар масҷид: нафақахӯри 82- сола ҳамдеҳаашро корд зада кушт

1326
(Таҷдидшуда 13:38 01.08.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нафақахӯри 82- солаеро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсояи худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 1 авг— Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия пирамарди 82-сола сокини деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда рӯзи 31-уми июли соли равон, тахминан соати 13:40-дақиқа, дар бинои масҷиди деҳаи Чилчашма бо ҳамдеҳагонаш вориди муноқиша шудааст.

Ҷинояткори қаблан маҳкумшуда боз ба куштор даст зад

Зимнан хабар дода мешавад, ки нофақахӯр аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шаҳрвандон мардони 50 ва 79-солаи сокинони деҳаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба бадани марди 50-сола ва 1 маротиба ба гардани марди 79-сола задааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, марди 79-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Зани ҷавони рашкин дар Деваштич гардани шавҳарашро ҳангоми хоб бурид

Гуфта мешавад, нисбати ҳодисаи ба вуқӯъ омада кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.

1326
Барчаспҳо:
корд, ҳамсоя, нафақахӯр, масҷид, куштор