Наҷотдиҳандагон чаҳор ҷавонро аз Сирдарё берун оварданд

© Flickr \ Jamie C2009Спасательный круг
Спасательный круг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон сари вақт ба кумаки ғарқшавандаҳо расида онҳоро аз рӯди Сир берун оварданд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Чаҳор нафар ҷавонони аз 14 то 24 солаи  сокинони вилояти Суғд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд, хабар медиҳад, Кумтаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ғарқ шудани 55 тан дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон

Бино бар хабари манбаъ,  гурӯҳи наҷотдиҳандагони раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷаҳон нафар сокинони Истаравшан, ноҳияи Ашт ва Деваштиҷро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Гуфта мешавад сокинони ин манотиқ дар ҷойи барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ мекарданд.

Ҳушдори Кумита: ҳар рӯзи июн дар Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд

Манбаъ мегӯяд, пас аз дарё берун овардани ҷавонон ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд.

Кумита тавзеҳ медиҳад, ки давоми ҳафт моҳи охири соли равон дар рӯду кулҳои Тоҷикистон наздики 93 нафар ғарқ шудаанд.

КҲФ: то 9 июли соли равон 28 ноболиғ ғарқ шудааст

Гуфта мешавад, дар ин муддат 43 нафарро кормандони ин ниҳод аз марг наҷот доданд.

Зимнан намояндагони кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон даъват ба амал меоранд, ки аснои оббозӣ дар кули дарёҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва дар манотиқи  наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0