На месте ДТП в Сасовском районе Рязанской области. 6 августа 2019

Аз 14 то 45- сола: нашри руйхати қурбониёни садамаи Рязан

977
(Таҷдидшуда 17:07 06.08.2019)
Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз дар садамаи Рязан ҷон бохтанд, маълум шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи садама дар Рязанро таҳти назорат гирифта, ному насаби ҳалокшудагон ва ҷабридидагонро эълон карданд.

Ҳамин тавр бино ба иттилои манбаъ, дар садама шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки хурдтарини онҳо 14- сол  ва бузургтаринаш 45- сол дошт, ба ҳалокат расид.

Дар садамаи мазкур, Насринова Назира Ҷамшедовна, соли таваллудаш  2005, Насринова Гулдона- 1983, Саидов Абдуллоҳ Саидбекович - 1974, Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич - 1989, Халилов Ислом -1974, Муллоев Фирӯз Бурҳонович - 1977 ҷон бохтанд.

Зимнан  дар садамаи маргбори Рязан, шаш каси дигар аз ҷумла Аҳмадов Раҳмон Зоҳирович , Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, Баротов Фурқат Зокирович, Алиев Самандар Валиевич ҷароҳат бардоштанд, ки чор танашон дар бемористони минтақаи Шатскийи ва ду захмӣ дар дигар беморхона қарор доранд.

Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт: Видео

Ёдовар мешавем, ки садамаи маргбор дар вилояти Рязанск дар 404- ум километрии ин манотиқ субҳи барвақти имрӯз рух дод.

Дар натиҷа 6 нафар ҷон бохтанд ва  инчунин 8 нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона қарор доранд.

Ба навиштаи сомонаи РИА Новости ҳамаи 12 мусофири микроафтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

977
Барчаспҳо:
қурбониён, садама, Тоҷикистон, Русия
Деньги, архивное фото

Ба сари қарзаш рафту корд хӯрд: куштори Ҷоббиров дар Душанбе видео

679
(Таҷдидшуда 17:28 24.02.2021)
Вазорати умури доҳилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштор дар бисёри ҳолатҳо дар заминаи баҳсҳои пулӣ сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Зоирҷон Абдурасулов, сокини 22-солаи кӯчаи Помири шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар куштори Сомон Ҷоббиров муттаҳам мешавад.

Ба иттилои ВУД, Абдурасулов аз Сомон Ҷоббиров, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 90 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.

Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш

“Ҷоббиров рӯзи 17 феврал тахминан соати 14:30 дақиқа ба хотири бозпас гирифтани маблағи худ ба манзили истиқоматии Абдурасулов дар кӯчаи Помири шаҳри Душанбе омадааст. Дар пайи муноқиша Абдурасулов дар ҳолати ғазаб як маротиба ба қафаси синаи Ҷобиров корд мезанад, ки дар натиҷа номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст”, - гузориш дод ВУД.

Манбаъ такид кард, ки феълан алайҳи Абдурасулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.

Тибқи иттилои расмии ВУД, соли гузашта дар Тоҷикистон 107 ҷинояти куштор, 33 роҳзанӣ, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 6197 дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд.

679
Барчаспҳо:
Душанбе, куштор, қарз, Тоҷикистон
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе

Ронандаи фирорӣ пас аз шикояти хабарнигор ба Рамазон Раҳимзода боздошт шуд

1336
(Таҷдидшуда 17:25 24.02.2021)
Ронандае, ки авоили моҳи ҷорӣ бо худраваш ба мошини як хабарнигори тоҷик бархӯрду фирор кард, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хабарнигори рӯзномаи "Тоҷикистон"Ахмедов Абдумудассир зимни нишасти хабарии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба роҳбари ин ниҳод аз болои як ронанда шикоят кард.

Хабарнигор аз Рамазон Раҳимзода дархост кард, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел - Астра" чораҳои қонунӣ андешанд.

Ба таъкиди Абдумудассир, санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар назди Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ронандаи мазкур ба худрави ӯ бархӯрд. Ҳарчанд мошини хабарнигор зарари техникӣ дид, вале ронанда ба хотири пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, ҷойи ҳодисаро фавран тарк кард.

Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо супориши бевоситаи Рамазон Раҳимзода, кормандони пулис ронандаи фирориро боздошт карданд.

Номбурда Хушвахтзода Мадати 38 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.

Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд

Манбаъ меафзояд, нисбати номбурда бо моддаи 333 қисми 1 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шуд.

Ҳамзамон ронанда муваззаф шуд, ки зарари техникии автомашинаи хабарнигорро пурра барқарор кунад.

1336
Барчаспҳо:
боздошт, шикоят, хабарнигор, ронанда
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0