Такси в городе Душанбе, архивное фото

Даҳшат: шавҳари рашкин ҳамсарашро дар таксӣ 10 корд зада кушт

2052
(Таҷдидшуда 12:35 07.08.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳиши куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳараш дар шаҳри Истаравшан хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 5-уми август соати тахминан 18:30 дақиқа рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ҷавони 26- сола, ки қаблан доғи судӣ доштааст, ба таври ваҳшиёна ҳамсари худро дар дохили мошини кирокардагӣ 10 корд зада ба қатл расонд.

Пеши ҳамсар бо дигар занҳо суҳбат мекардааст: гузориши ВУД аз ҷинояти даҳшатовар-видео

Бар хабари манбаъ, сокини 26 - солаи деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. 

"Номбурда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили таксӣ бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст",- гуфта мешавад дар хабари ВУД. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Зани ҷавонашро дар хиёнат бо дӯсташ муттаҳам кард: гузориши ВУД аз рашки фоҷиабор – видео

Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

2052
Барчаспҳо:
кушта, корд, зан, шавҳар, Истаравшан