Бывший президент КР Алмазбек Атамбаев

Навори гаравгонгирии дастаи таъиноти махсус аз ҷониби тарафдорони Отамбоев

1390
(Таҷдидшуда 12:23 08.08.2019)
Пас аз ҳамала ба резеденсияи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев як нафар аз намояндагони воҳидҳои махсус аз силоҳи оташфишон кушта шуда, чандин нафари дигарро ҷонибдорони собиқ президент ба гарав гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, ҷонибдорони собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев чанд нафар аз воҳидҳои таъиноти махсусро гаравгон гирифтанд.

Бар хабари манбаъ, воҳидҳои таъиноти махсус дар натиҷаи ба хонаи собиқ раисҷумҳур зада даромадан ва кӯшиши дастгир намудани Отамбоев, аз ҷониби тарафдорони ӯ ба гарав гирифта шуданд.

Зимнан хабар дода шуд, ки субҳи имрӯз ба ҷузъ аз ду нафар аз дастаи таъиноти махсус дигарон ҳама озод гардиданд ва раисҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев ваъда додааст, ки ин ду нафари дигарро низ дар наздиктарин фурсат озод мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи дирӯз дастаи таъиноти махсус барои дастгир кардани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон вориди хонаи ӯ шуданд.

Ба гуфтаи расонаҳо, дар вақти ҳамла Отамбоев дар хонааш буд ва ҳангоми омадани дастаи таъиноти махсус пеши хона, нигоҳбонон президенти собиқро бурданд.

Беш аз 10 нафар дар натиҷаи амалиёт маҷрӯҳ шудаанд. Хабар аст, ки дар ҷои ҳодиса якчанд мошини ёрии таъҷилӣ низ қарор доштанд.

Беш аз 300 ҷонибдорони Отамбоев дар назди резеденсияи отамбоев ҷамъ омаданд ва монеи боздошт шудани собиқ президент аз ҷониби дастаи воҳидҳои таъиноти махсус шуданд.

1390
Барчаспҳо:
навор, гарав, Алмазбек Отамбоев, Қирғизистон