Беморхона, акс аз бойгонӣ

Боз як маҷруҳи дигари садамаи Рязан дар беморхона ҷон дод

310
(Таҷдидшуда 09:22 11.08.2019)
Яке аз маҷруҳони дигари садамаи маргбор дар ноҳияи Сасови вилояти Рязан дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳасан Шамсиев, роҳбари созмони ҷамъиятии “Сомонӣ” дар саҳифааш хабар дод, ки Саидхон Саидов дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон дод. Ӯ ба пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, сабри ҷамил хостааст.

Субҳи 6 август бар асари бархӯрди мусофирбари “Мерседес” бо худрави “Тойота” дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон худи ҳамон рӯз ба ҳалокат расида, аз ҳар ду мошин 8 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар садамаи мазкур - Назримова Назира Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2005, Насринова Гулдона- 1983, Саидов Абдуллоҳ Саидбекович - 1974, Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич - 1989, Халилов Ислом -1974, Муллоев Фирӯз Бурҳонович – соли таваллудаш 1977 ҷон бохтанд.

Раёсати умури дохилии вилояти Рязан бар асоси тафтишоти пешакӣ сабаби садамаи пурқурбонии субҳи 6 августро ғалабаи хоб бар ронандаи мусофирбар гуфтааст.

Ронандаи мусофирбари ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асоси иттилои муқаддамотӣ хоб бурдааст, хабар дод РИА Новости аз қавли Александр Поташов, сухангӯи Раёсати умури дохилӣ.

“Бар асоси иттилои муқаддамотӣ ронандаро сари идораи мусофирбар хоб бурдааст. Феълан бархе ташхисҳои техникӣ таъин шудаанд”, - изҳор доштааст Поташов.

310
Барчаспҳо:
ҳалокат, бархӯрди худравҳо, пулис, садама, Тоҷикистон-Русия