Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони 4 нафарро рабуд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз се садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 12 - уми августи соли равон тахминан соати 20:05 дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи поён сар задаст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода

Ба иттилои манбаъ,Раҷабов Фахриддин, ронандаи 52 - солаи  автомашинаи тамғаи "Хундай-Саната", ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар километри 121-650-и шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард И.Шерматови ноболиғро пахш менамояд.

Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Шерматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ҳалокати кӯдаки 6- сола дар садама

Зимнан ВУД аз як садамаи маргбори дигар дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар натиҷа ноболиғи 11 - сола ба ҳалокат расид.

Бар хабари манбаъ, рӯзи 13 - августи соли равон, тахминан соатҳои 06:20 дақиқа, Баротов Шодии 56- сола, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, дар 110 километр, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда Бобоев Баҳодур истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ бархурдааст.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Норак – Ваҳдат
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ноболиғ Бобоев , хонандаи синфи 5-уми мактаби №43, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Худи ронанда, Бобоев бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ гардидааст.

Инчунин санаи мазкур тахминан соати 01:05 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулан", Давлатов Фарҳоди 28 - сола, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ", дар 150 километр, деҳоти Хушекати ноҳияи Айни, аз ӯҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба ҷарии ҷуқуриаш тахминан 300-метр автомашинаро чаппа намуда, таркиш ба амал омадааст.

Дар натиҷа ронанда, Давлатов ва мусофираш Саидов, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: 5 мусофир ҷон бохтанд

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон Тӯраевҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ гардидаанд.

ВУД мегӯяд айни замон кормандони милитсия нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот бурда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0