Арест, архивное фото

Шоҳрух Саидзода барои овардани Хӯҷа-Командир ба Дубай рафт

6861
(Таҷдидшуда 14:02 14.08.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Хӯҷа Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури собиқ Фронти халқӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гурӯҳи корӣ ба раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ рӯзи 5 август озими Дубай шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.

Ҳокимшо Назарзода, як масъули Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14 август ба хабаргузорӣ иттилоъ додааст, ки Хӯҷа-Командир рӯзи 30 июл аз ҷониби пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб бар асоси рӯйхати Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Хӯҷа-Командир аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД, феълан гурӯҳи кории Тоҷикистон бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб масъалаи истирдоди Хӯҷа-Командирро баррасӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки миёни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, даст дошт.

Вай ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.

Вай инччунин дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон Саидшо Шоев бо бародараш ва Тағай Шукуров айбдор мешавад.

Хӯҷа Каримов пеш аз фирораш дар вазифаи ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъ ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият карда буд.

6861
Барчаспҳо:
фармондеҳ, Интерпол, боздошт, ВКД Тоҷикистон, ВУД, Дубай, Тоҷикистон