Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Дар Истаравшан падари 33 - сола писари ноболиғи худро 10 корд зад

2025
(Таҷдидшуда 15:59 14.08.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани сокини 33 - солаи шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба фарзанди ноболиғаш гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 12- уми августи соли равон, тахминан соати 23:00 дар шаҳри Истаравшан рух додааст.

Манбаъ меафзояд, падари хонавода, марди 33 - сола пас аз муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 35 - солаи худ даст ба чунин амали зишт  задааст.

Дар Бӯстон ҷавондухтари авбош марди 33-соларо ду корд зад

Гуфта мешавад, номбурда пас аз ҷангу ҷанҷон намудан бо ҳамсари худ, нимашаб ду фарзанди худро, ки яке писарбаччаи 8 - сола ва дигаре духтарчаи 6 - сола мебошад, аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисор меравад.

Ба тавзеҳи ВУД, дар роҳ ӯ аз мағозаи деҳаи Гули - сурх як адад корд харидорӣ намуда, писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Куштор дар масҷид: нафақахӯри 82- сола ҳамдеҳаашро корд зада кушт

Дар натиҷа ноболиғи 8 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД мегӯяд, феълан аз руйи ҳодисаи рухдода тафтишот идома дорад.

2025
Барчаспҳо:
кордкашӣ, Истаравшан
Тонущий человек, архивное фото

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

62
(Таҷдидшуда 12:36 15.08.2020)
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд, гузориш медиҳад аз ҳодисаи нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон. Он мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд.

Гуфта мешавад,  ҳодиса 14 август, тахминан соати 09:50 рух додааст.

"4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд", - тавзеҳ медиҳад КҲФ.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

30 нафар даст ба даст гирифта зани ғарқшударо аз об берун оварданд - навор

62
Дорожный знак, архивное фото

ВКД: дар роҳҳои кишвар дар ду рӯз чаҳор садамаи маргбор сурат гирифт

32
(Таҷдидшуда 11:15 15.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду рӯзи гузашта дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар чаҳор шаҳрванди хурдсолу калонсол ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, нахустин садамаи маргбор рӯзи 13-уми августи соли равон, дар шаҳри Бохтар сурат гирифтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Азимов Муҳсинҷон ронандаи автомашинаи “Хундай-Либеро”, ки соли таваллудаш 1992 аст ва сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар мебошад, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии “Сафар-К”, дар кӯчаи Курғон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Зубайдов Хуршед Нуралиевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кушониёнро пахш намудааст.

Дар натиҷа, охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ВКД иттилоъ додааст, ки санаи 13-уми август, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Сафаров Аҳлиддин, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Восеъ-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шоҳрамаҷони Султон, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки мутаассифона, ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, санаи ду садамаи маргбори дигар низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон санаи 14-уми августи соли равон, ронандаи автомашинаи “Шагман”, Каримов Сунатулло Восеъевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Ҷавонбахт” пиёдагарди шахсияташ номаълум, марди тахминан 40-45 соларо пахш намудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар натиҷа шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ҳодисаи нохуш санаи 14-уми августи соли равон ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шудааст, ки ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Шарифов Идибег Сайдалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархаи тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ронанда, Султонов Таобшоҳ, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, Султонов Таобшоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома дорад.

32
Барчаспҳо:
роҳҳо, Вазорати умури дохилӣ, хурдсол, маргбор, садама, Тоҷикистон