Садамаи маргбор: “Опел” чаппа шуд як нафар ба ҳалокат расиду, ду нафари дигар маҷрӯҳ

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохила хабар додааст, ки дар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нохуше рух дод, ки дар он як нафар ба ҳалокат расид ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми августи соли равон, Алимов Маҳмадорифии 23-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати кӯдаки 6- сола дар садама

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, Алимов Маҳмадорифии 23-сола ронандаи худрави “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ёвон-Рӯдакӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа мешавад. 

“Дар натиҷа, худи ронанда М.Алимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, -таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки мусофирони мошини мазкур В.Субҳонқулов ва Э.Абдураҳимов, истиқоматкунандагони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0