Арест, архивное фото

Боздошти навраси 18- сола бо гумони дуздии маблағ, телефон ва соати дастӣ

114
(Таҷдидшуда 19:53 20.08.2019)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти наврасе хабар медиҳанд, ки дар ғорати як сокини ноҳияи Шоҳмансур гумонбар дониста мешавад

Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони милитсия шаҳрванд Раҷабов муроҷиат намуда, арз кардаст, ки санаи 18- уми август аз ҷониби ашхоси ношинос мавриди ғорат қарор гирифтаст.

Бар хабари манбаъ, санаи 18-уми августи соли равон, тахминан соати 22:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи мазкур қарор доштани Раҷабов, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1000 сомонӣ, як адад соати дастии тамғаи "Радо" ва як адад телефони мобилии тамғаи "Мейзу" дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.

Боздошти ҷавони 22-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

Ин сокини ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ки дузд ӯро ба маблағи умумии 9 740 сомонӣ ғорат намудаст.

Зимнан кормандони милитсия аснои баргузор кардани чораҳои ҷустуҷӯйӣ ноболиғи 18 сола, Юсуфов. С. сокини кӯчаи Фирдавсиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.

Духтари 18-сола барои дуздии телефони “HUAWEI” дастгир шуд

ВУД меафзояд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

114
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, Душанбе
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

569
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

569
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

432
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

432
Наручники висят на дверной ручки.

Ҳукми 7 нафар: Зоирзода дар бораи парвандаи пурсарусадои ҳамлаи "Ишқобод"

0
(Таҷдидшуда 11:50 14.07.2020)
Ҳафт ҳамлагар ба гузаргоҳи "Ишқобод" бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ ба гузаргоҳи марзии "Ишқобод" ҳукми зиндон таъйид гардидааст. Дар ин бора прокурори ҳарбии Тоҷикистон Икром Зоирзода иттилоъ додааст.

Ҳамин тавр, ҳафт нафаре ки ба гузаргоҳи марзӣ ҳамла оварданд, аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, парвандаи 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ барои баррасӣ  ба додгоҳ равона шуда буд.

"Ҳамаи маҳкумшудагони парванда оид ба ҳамла ба гузаргоҳи "Ишқобод" шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд", - афзудааст вай.
Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны
МВД Таджикистана/RUPTLY/Пресс-служба Минобороны России

Ёдрас мешавем, 3 феврали соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни  нишасти солонаи хабарии ин ниҳод гуфт, ки санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор додааст ва парванда 9 муттаҳамро дарбар мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи "Ишқобод", мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.

8 зану 4 ноболиғ кушта: суҳбати ошкорои Раҳмон аз ҳамлаи "Ишқобод"

Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд.

 

0