Ронандаи "КИА-Бонго" пиёдагарди 4 соларо зер кардаст

© Дафтари матбуотии ВУДҲалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ноҳияи Хуросон хабар медиҳад, ки бар асари он кӯдаки 4 сола ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ба иттилои ВУД, ҳодисаи мазкур рӯзи 22 августи соли равон тахминан соати 08:30 дақиқа рух додаст.

Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи мудҳиши 18 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ба Ватан бармегаштанд

Бар хабари манбаъ, ронандаи 28 солаи автомашинаи тамғаи "КИА-Бонго", Сафаров Раҷабмурод ноболиғи 4 соларо зер намудаст.

Панҷараҳоро шикасту пиёдагардонро зер кард: бархӯрди маргбори “Опел”-ҳо дар Хуҷанд

Гуфта мешавад, номбурда сокини ноҳияи А.Ҷомӣ буда, аснои ҳаракат аз самти маркази ин ноҳия ба самти ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, хурдсон Камолов Яҳёи 4 - сола, сокини деҳаи Ҷовидонро пахш намудаст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа хурдсол  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтан дар роҳ ба ҳалокат расидаст.

Садамаи маргбор: “Опел” чаппа шуд як нафар ба ҳалокат расиду, ду нафари дигар маҷрӯҳ

Манбаъ меафзояд, феълан аз руйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0