Солдаты таджикской армии на учениях. Архивное фото

Дар Тоҷикистон як сарбоз аз захми тир ҷон дод

257
(Таҷдидшуда 15:51 23.08.2019)
Ҳалокати ин сарбоз дар ҳолест, ки то анҷоми хизмати ҳарбияш дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамагӣ 40 рӯзи дигар боқӣ монда буд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Сарбози 21 - солаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз захми тир ба ҳалокат расидаст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади Ҳадятулло Тағоев бегоҳи рӯзи 21 - уми август ба пайвандонаш дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара супорида шуд.

Мақомоти Русия Норкузиев, аскари фирории тоҷикро ба Тоҷикистон доданд

Гуфта мешавад, марҳум моҳи октябри соли 2017 пас аз муҳоҷират дар Русия ба ватан баргашт ва довталабона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваст.

Зимнан омили асосии ҳалокати ин сарбоз дар хизматӣ ҳарбӣ то ҳол номаълум буда, низомиёне, ки ҷасади ӯро ба хонаводааш супориданд, изҳор доштанд, ки Ҳадятулло даст ба худкушӣ задаст.

Як соли маҳрумият аз озодӣ барои дашному харошидани гардани ҳамхидмат

Аммо пайвандони сарбози марҳум ба фарзияи мақомот оиди худкушӣ намудани Ҳадятулло боварӣ надошта мегӯянд, тир ба пешнии ӯ задааст.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

257
Барчаспҳо:
ҳалок, сарбоз, Тоҷикистон
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

128
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

128
Селевой поток в Таджикистане

“Харобаҳои Хуросон”: аз вайрона то ободӣ арқоми расмӣ

183
(Таҷдидшуда 12:04 05.06.2020)
Омори расмӣ ривоят аз вусъату паҳнои селу ярчи вайронгар дар ноҳияи Хуросон мекунад, ҳатто барои оне, ки ба он бо дидаи шак мебинад. Аз сӯи дигар, вуқӯъи ин ҳодиса дар айни гирудорҳо бо коронавирус ва моҳи Рамазон корзори дигаре дар майдони кӯмаку хайрия ба вуҷуд омад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид сатҳи оби рӯди Элок боло рафт ва ба рустоҳои ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рехт, ки дар пайи он даҳҳо хона тахриб шуда, садҳо нафар дар кӯча монданд. Кор ба ин ҷо кашид, ки офатзадагон бо нишони эътироз аз адами кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор медоданд сокинон.

Офати табиӣ дар Хуросон чанд рӯз мавзӯи баҳсу баррасиҳои матбуоти дохилу хориҷ ва то ҷое сиёсӣ ҳам шуд. Иттилои зиёде дар атрофи он пахш шудаву мақомдорони сатҳҳои мухталиф, шурӯъ аз раиси вилояти Хатлон ва сарвазири Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса дидан карданд.

Аз он ҳодиса беш аз 20 рӯз сипарӣ шуд. Sputnik Тоҷикистон дар ин миён аз мақомоти зидахл - Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсия ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хост, ки тасвири он аз арқоми расмиро ироа намоянд. Ин як талоши тасвири офати табиии Хуросон дар арқом аст.

“Ҷанги эълоннашуда”

Фавти одамон: тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Холбой Бекмуродов, мутаваллиди 1965, сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ва Қумриддин Камолов, мутаваллиди 1956, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Гулистон.

Харобии манозил: 36 манзили истиқоматӣ пурра - 2 700 ҳазор сомонӣ ва 40 манзил қисман - 1 500 ҳазор сомонӣ тахриб шуда, 184 замини наздиҳавлигӣ таги селоба ва лойқа мондаанд.

Тафсилот: дар деҳаи Неъматулло Асадулло 34 хона пурра, 33 хона қисман, дар деҳаи “Анҷумани 18 – и Ҳизб” 1 хона пурра ва 6 хона қисман, дар деҳаи Хуросон як хона пурра ва як хона қисман тахриб шудаанд.

Тавсияи Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон: кӯчонидани 67 хоҷагӣ - деҳаи Неъматулло Асадулло – 66 ва деҳаи “Анҷумани 18 – и Ҳизб” - 1 хоҷагӣ аз сабаби хатари фаромадани ярч ба ҷойҳои бехавф.

Чорвои мардум: 112 сар - 114 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла 100 сар чорвои шохдори майда - 72 ва 12 сар чорвои калони шохдор - 42 ҳазор сомонӣ).

Сокинони офатзадаи Хуросон бо эътироз роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд: ба мо кумак кунед

Зерсохторҳо: 7,7 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо - 193, 0 ҳазор сомонӣ, ҷӯйбори бузурги ПК+659 - 350 метр - 118,7 ҳазор сомонӣ; 7,6 км хатҳои интиқоли барқ - 219,5 ҳазор сомонӣ; роҳ - дар км 21 – 22 аз 350 метр роҳ (деҳаҳои Пахтаобод ва Гулистони ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ) - 250 метр пурра аз байн рафта, канори роҳи дохилии баромади деҳаи Гулистон ба роҳи байнулмилалии Душанбе – Бохтар дар се мавзеъ фурӯ рафтааст. Хисорот - 326, 5 ҳазор сомонӣ.

Кишоварзӣ: 53,72 гектар (га) хоҷагиҳои деҳқонӣ, 11,36 га замин хоҷагии ёрирасон, 2,5 га замини ғайрикишоварзӣ, 8, 42 га замини наздиҳавлигӣ, аз он ҷумла 28 га пахта - 58, 6, 5 га картошка - 53,4, 3 га пиёз - 18, 2, 31 га гандум - 71,6, 1 га помидор - 1,6, 1 га бодиринг - 1,6, 0,5 га каду - 0,9 ҳазор сомонӣ.

Бозгашт ба зиндагӣ

Ситоди бартарафкунии офати табиӣ (кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда, идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ ва сохтмон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, вазоратҳои нақлиёт ва кишоварзӣ) аз ҳисоби захираҳои инсонӣ ва фании вилоят, ноҳия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 3091 коргару хизматчӣ, афсару сарбоз ва техникаву нақлиёти махсусро барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ эъзом кард.

Аз 75 хайма як хаймашаҳрак ташкил шуд. 186 хона пурра ва 4020 метр роҳи байни кӯчаҳо то 29 май аз лою селоба тоза карда шуд.

Идораи беҳдошти замин 220 метри канали Хоҷақалъаро аз лой тоза карда, ба пикети № 659 30 қубур дар ҳаҷми 270 метр аз Лойқасой гузаронда, дар мавзеи ҷойгиркунӣ 40 метр чуқурӣ кофт ва 20 қубур ба масофаи 180 метр хобонд. Дар болои деҳаи Хуросони ҷамоати деҳоти Айнӣ ба масофаи 80 метр селроҳа тоза карда шуд.

Соҳибкорони маҳалл бо ду экскватор ва 4 мошини боркаши КамАз 1383 метри кубӣ лойи каналу заҳбури ҳудуди деҳаи Неъматулло Асадуллоро тоза карда, 93 мошини КамАз лой бароварданд.

Масъулин ва сокинони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Айнӣ 23 хона, дар умум 650 метр деворро рангубор ё сафед карданд. Ҷӯйборҳо тоза, дарахтон низ сафед карда шуданд.

Мехост селро навор гирад, аммо ба қаъри он афтод: ҳалокати марди солхурда дар Хуросон

Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ бо ҷалби 9 нафар дар чор рӯз ҷисми мурдаи 21 моли майда, 3 чорвои калони шохдор ва 7 сагро безарар карда, гӯронд.

Шабакаҳои барқи ноҳия дар 36 хонаи осебдидаи деҳаи Неъматулло Асадулло ноқилҳои садамавиро ҷудо ва як трансформатори 400/10 кВт – ро иваз кард. Дар мактаби №58 се прожектори 300-вата барои равшании анбори масолеҳи сохтмонӣ насб шуд.

Шуъбаи кишоварзӣ бо коркарди 31 гектар киштзорҳои бештар осебдидаи зироатҳо машғул буда, дар 15 гектар замин бо ҷалби хоҷагидорон ва қувваи кории иловагӣ корҳои агротехникӣ гузаронд ва 5 гектар киштзори пахтаро аз чобуқ баровард.

Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ду бор шифохонаи минтақавии №5 ва чор бор кӯчаҳои гирду атрофаш, бозору деҳаи Хуросон, 65 манзили деҳаи Неъматулло Асадулло, 40 хонаи зарардидаи дигар деҳаҳо, ҳамарӯза хаймашаҳракро зиддиуфунӣ карда, ба 58 оилаи “Анҷумани 18 – и Ҳизб” ниқоб тақсим намуд (кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят хаймашаҳракро ҳар рӯз ду бор зиддиуфунӣ мекунад).

Шуъбаи дезинфексия то ба имрӯз 150 иншооти истиқоматию ёрирасони шаҳрвандон ва 6 кӯчаро дар масоҳати 9050 метри мураббаъ дезинфексия карда, бинои хобгоҳ ва беморхонаи минтақаии №5, инчунин 20 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 1340 метри мураббаъро бо маҳлули 1 фоизаи гипохлориди калтсий зиддиуфунӣ кард.

Кумитаи идораи замини вилоят ва ноҳия интихобу лоиҳакашӣ ва омодакунии парвандаи заминсозиро анҷом дода, ба 67 хоҷагии деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва “Анҷумани 18 – и Ҳизб” бо тариқи қуръакашӣ рӯи иди Рамазон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Айнӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва хаймаи ҳар як хоҷагии зарардидаро дар заминҳои нав насб кард.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда 29 май ба сокинони осебдидаи деҳаҳои Неъматулло Асадулло, Хуросон ва “Анҷумани 18 – и Ҳизб” – и ҷамоати деҳоти Айнӣ, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман хароб шудаанд, масолеҳи сохтмонӣ тақсим намуд.

“Борони раҳмат”

КӮМАКҲОИ ДАВЛАТӢ: ҳукумати Тоҷикистон - 13 тон орд, 16 тон картошка, 16 тон пиёз, 16 тон сабзӣ, 9 тон биринҷ, 4 тон макарон, 4 тон равған, 3 тон гречка, 3 тон перловка; масолеҳи сохтмонӣ: 370 тон семент, 370 матри кубӣ тахта, 3700 дона шифер ва 74 тон арматура.

КҲФ ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон: 15 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 300 қуттии гигиенӣ, 300 зарфи 10 – литраи оби нӯшокӣ, 10 қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ ва 15 тон орд.

Ҳукумати вилояти Хатлон: маводи сӯзишворӣ - 2 ҳазор литр. Маводи хӯрока: 15 тон орд, 4,5 тон картошка, 6,6 тон пиёз, 12 тон сабзӣ, 7,5 тон биринҷ, 1,5 тон равған, 1,8 тон макарон, 2 ҳазор дона ниқоб, 10 маҷмӯи либос ва 10 айнаки муҳофизатӣ, 2 ҳароратсанҷ, 50 бахил, 100 маҷмуъ дастпӯшак, 10 калапӯш, 480 маҳлули антисептикӣ.

Кумитаи идораи замини вилоят: дар деҳаи Неъматулло Асадулло хӯроки гарм ташкил кард. Раёсати Кумитаи таъмини бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон: маводи хӯрока – 500 кг гӯшти гов ба маблағи 24 500 сомонӣ. Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ: воситаҳои ҳифзи фардӣ – 4200 дона ниқоб, маводи безараргардонӣ – 200 дона маҳлули антисептикӣ ва 82 кг гипохлориди калтсий.

Хоҷагии зотпарварии “Саодат” – и ноҳияи Хуросон: 150 кг гӯшт. Хоҷагии зотпарварии ба номи С. Шерназаров: 5200 сомонӣ барои тоза кардани 600 метр заҳбури назди беморхонаи минтақавии №5; хӯроки гарм барои зарардидагон дар деҳаи Ҳалқаҷар - 1500 сомонӣ; хӯроки гарм ба беморон ва кормандони беморхонаи №5 - 3 ҳазор сомонӣ.

ТОҶИРОН: соҳибкор аз Душанбе - либосҳои гуногун ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ, 840 сомонӣ пули нақд ва ташкили ду намуд хӯроки гарм дар маҳалли ҳодиса; соҳибкор Фаридун - 100 кг гӯшт, 50 кг шакар, 500 кг орд ва 100 литр равған. Як гурӯҳ соҳибкорони шаҳри Душанбе: либосворӣ ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ, 40 маҷмӯаи кӯрпаю кӯрпача, 10 кг картошка ва 15 ҳазору 800 сомонӣ пули нақд.

Бозори “Ориён” – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: 500 дона нон. Соҳибкорзане аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ: 80 дона нон, 40 кг шакар ва 40 намуд либоси занона; Холов Ҳусейн, сокини ноҳияи Кӯшониён: Маводи хӯрока – 2 тон орд ва 200 литр равған. ҶДММ “Мурғи Хуросон”: 900 дона тухм.

МАСҶИДҲО: масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе - 40 дона қолин, 80 кӯрпаю кӯрпача, 380 кг орд, 114 литр равған, 190 кг қанд. Ходимони динии ноҳия: ба 50 нафар наҷотдиҳанда ва сарбози КҲФ ду рӯз хӯроки субҳона - 350 сомонӣ.

ҚҲФ зарари селу боронҳои шадиди рӯзи гузаштаро гуфт: як қурбонӣ доштааст

СОЗМОНҲО: Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон - 1300 – донаӣ кӯрпа, болишт, нармпӯш (одеяло), рӯйпӯш (простин); 260 қуттигӣ маводи гигиенӣ, маводи ошхона, болопӯш барои фарши хайма; 520 – донаӣ бел, каланд, сатил.

 

183
Барчаспҳо:
КҲФ Тоҷикистон, омор, Ҳукумат, замин, офати табиӣ, зарардидаҳо, аҳолӣ, кумак, сел, Хуросон, Тоҷикистон
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазо наздик шуд

0
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

0