Аз зимистонгузаонӣ то таҷлили ҷашни истиқлолият: дастури Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат

© Пресс-служба Президента РТМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар Душанбе таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар чандин масоили мубрами кишвар ва лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Рӯзи 29 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Точикистон, раиси Ҳукумати кишвар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода дар бораи вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  гузориш дод.

© Пресс-служба Президента РТМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019
Аз зимистонгузаонӣ то таҷлили ҷашни истиқлолият: дастури Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019

Вазир зимни суханронӣ қайд намудааст, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст.

Ҳадафи асосии Барнома дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои иҷрои босифати Барнома чораҳои иловагӣ андешанд.

Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла дар бораи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бучети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.

© Пресс-служба Президента РТМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019
Аз зимистонгузаонӣ то таҷлили ҷашни истиқлолият: дастури Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019

Инчунин, дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид намудааст, ки зимни маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳо дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва масъалаи таъсиси муассисаи давлатии “Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати Тоҷикистонро ба иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси навбатӣ ҷалб кард.

Тавре манбаъ зикр намудааст, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

© Пресс-служба Президента РТМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019
Аз зимистонгузаонӣ то таҷлили ҷашни истиқлолият: дастури Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2019

Супориш дода шуд, ки ҷашни умумимиллӣ — 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар саросари кишвар ба таври бошукуҳ ва бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифта шавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолият иншооти таъиноти гуногуни дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифташуда, сари вақт ва бо сифати баланд бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ, дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0