Газовоз на месте происшествия, архивное фото

Таркиш дар тарабхонаи “Шоми Қалъа” : 10 нафар ҷароҳат бардоштанд

510
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бистари шудани 10 нафар дар бемористон, ки дар натиҷаи таркиши балони газ дар тарабхона ҷароҳат бардоштанд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 1-уми сентябри соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа дар тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор таркиши балони гази моеъ ба миён омадааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, таркиши дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳо бехатарӣ ба миён омада, дар натиҷа 10 нафар коргарони тарабхонаи мазкур ҷароҳат бардошта гуногун бардоштанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир нафароне, ки дар ин ҳодисаи нохуш ҷароҳати гуногун бардоштанд, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор бистарӣ гардидаанд.

“Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст”, - зикр намудааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ҳамзамон ВУД иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

510
Барчаспҳо:
ҷароҳат, Ҳисор, сӯхтор дар тарабхона, таркиш, ВУД ҶТ, ВУД, Тоҷикистон