Девушка в наручниках, архивное фото

Зану мардро бар ивази пул шинос мекард: боздошти зани 49-сола барои даллагӣ

507
(Таҷдидшуда 11:17 05.09.2019)
Кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов зани 49-соларо бо гумони даллагӣ боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов зани 49-солаи сокини деҳаи Узбакқишлоки ҳамин ноҳия бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 2-юми сентябри соли равон, тахминан соати 12:00, дар ҳавлии истиқоматиаш марди 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Тавре ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, дар ҳоли ҳозир, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи августи соли равон кормандони милитсияи пойтахт окини 26 - солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

номбурда, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 29-уми августи соли равон барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 26-сола ва зани 23-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

507
Барчаспҳо:
ноҳияи Ҷаббор Расулов, зан, боздошт, даллагӣ, кормандони милитсия, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон
Запись на листе бумаге, архивное фото

Худкушии мудири кӯдакистон дар Ӯзбекистон - сабабҳо маълум шуд

176
(Таҷдидшуда 13:22 12.07.2020)
Пас аз ин ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ комиссияи вижа ташкил шуд. Бино ба хулосаи прокуратураи ноҳияи Баликчӣ марҳум ба сабаби мушкилот дар кор ва вазъи саломатияш даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Хабарҳои нохуш аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон. Мудири боғчаи баччагонаи рақами 11 - и ноҳияи Баликчӣ худкушӣ кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ хабар медиҳад.

Дар хулосаи судӣ ва санҷиши равонӣ омадааст, ки "вазъи номусоиди марҳум дар паи низоъҳои эҳсосотии ботинӣ бархоста, ӯро ба чунин кор овардааст".

Ин ниҳод қайд карда, ки вақтҳои охир дар шӯъбаи маорифи ноҳия, ки кӯдакистони рақами 11 ба он мутааллиқ будааст, мушкилоти зиёд сар задааст. Аз ҷумла нақзи қавонини ҷиддӣ дар бахши хоҷагидорӣ ва молиявии кӯдакистон ошкор шудаанд.

Натиҷаҳои санҷиш дар моҳи майи соли равон муайян кардааст, ки роҳбари шӯъбаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Баликчӣ нисбати ӯҳдадорҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст. Маълум шуда, ки директори сохтмонии ширкати "Милано курилиш", ки таъмири кӯдакистонеро, ки Ш. Худжакулова, роҳбарӣ мекард, бар ӯҳда доштааст, тавассути ҳуҷҷатгузории қалбакӣ маблағро аз худ кардааст. Корҳои таъмирӣ бесифат анҷом дода шуда буданду додгоҳи ноҳиявӣ нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳамчунин дар фаъолияти раҳбарӣ ва интизомӣ низ дар ин муассисаи томактабӣ нуқсонҳои зиёд дида шуда, ба вокуниши нохубе аз ҷониби аҳолӣ дучор шудааст. Ҳамин тавр, моҳи июни соли равон мудири кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Тибқи таҳлилҳои комиссия ҳамаи ин омилҳо ба саломатии рӯҳию равонии мудири муассиса таъсир карданд ва ӯ ба хушкушӣ даст зад. Пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ нисбати даргузашти мудир ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

176
Барчаспҳо:
боғчаи бачагон, мудир, сабаб, худкушӣ, Ӯзбекистон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

515
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

515
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках

Охирон омори коронавирус дар Эрон: фавти 194 нафар дар як рӯз

0
(Таҷдидшуда 17:44 12.07.2020)
Дар тӯли 24 соати гузашта, 194 нафар аз беморони коронавирус ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 829 нафар расидааст.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сухангӯи Вазорати дармон, омӯзиш ва пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии ҳудуди 220 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 186 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 499 маврид бистарӣ в шуданд ва ба бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.

Рӯҳонӣ: Эрон ба ғайр аз ду кишвар бо ҳамсоягони худ равобити хуб дорад

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 257 303 нафар расидаст, афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта, 194 нафар аз беморони коронавирус ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 829 нафар расидааст.

 

0