Председатель Центральной избирательной комиссии (ЦИК) РФ Элла Памфилова

Ба раиси Коммисияи маркази интихоботӣ, ниқобпӯш аз Осиёи Марказӣ ҳамла овардаст

332
(Таҷдидшуда 20:51 07.09.2019)
Гумонбаршуда дар ҳамла ба Элла Памфилова раиси Коммисияи интихоботии Русия, шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст

ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik.  Ба иттилои намояндаи расмии Вазорати умури дохилаи Русия Ирина Волк, дастандаркори ҳамла ба манзили истиқоматии Элла Памфилова аз ҷониби кормандони пулис аллакай боздошт шудааст.

Ба гуфтаи Ирина Волк нафари ҳамлавар ҷавони 36 - сола буда шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст. Феълан маълумоти бештаре дар бораи боздоштшуда эълом нашудааст ва танҳо зикр гардид, ки дар зудтарин фурсат гумонбарро ба Кумитаи тафтишотӣ мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари ниқобпӯш шаби панҷшанбе ба роҳрави хонаи раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия дар наздикии шаҳри Маскав роҳ ёфта, бо дастгоҳи барқзананда – “электрошокер” чанд бор ба сараш задааст.

Ба ситоди интихоботии Владимир Зеленский пулис омад

Шабакаи  Telegram-канал Baza, навиштааст, ки бахти Памфилова баландӣ кардааст, чун ҳамлагар зоҳиран ба кор даровардани дастгоҳи барқзанро фаромуш кардаасту танҳо якчанд зарба задааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз хона чизе гум нашудааст. Зикр шудааст, ки ҷинояткор ба роҳрави хона тариқи тиреза ворид шудааст. 

332
Барчаспҳо:
гумонбар, боздошт, ниқоби сиёҳ, ҳамла, Русия