Маленькая девочка

Рабудани духтарачаи дусола ва талаб намудани пул аз волидайнаш бар ивазии озодии вай

691
(Таҷдидшуда 20:19 10.09.2019)
Дар шаҳри Ваҳдат марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки дар одамрабоӣ ва талаб намудани пул айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, дар шаҳри Ваҳдат кормандони милитсияи кишвар марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки духтарчаи дусоларо аз хонаи истиқоматиаш ба таври пинҳонӣ рабуда, сипас аз волидайнаш барои озодии фарзандашон пул талаб кардаст.

Бино бар иттилои ВУД Тоҷикистон ба ШВКД шаҳри Ваҳдат марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми сентябри соли равон, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ набераи хурдсолаш, духтарчаи 2-соларо аз назди хонаи истиқоматиашон рабудаанд. 

Кормандони милитсия марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум  шуда буд, бо гумони одамрабоӣ дастгир намуданд.

“Номбурда, бо мақсади талаб намудани маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол ӯро рабуда, ба хонаи хоҳараш, зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурда, то соати 16:10-дақиқа нигоҳ доштааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

691
Барчаспҳо:
боздошт, Ваҳдат, кӯдак, дуздӣ, одамрабоӣ, Тоҷикистон
Детская игрушка возле дороги

Боз садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд": кӯдаки худрдсол ҳалок шуд

293
(Таҷдидшуда 12:39 18.09.2020)
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ронанда аз ӯҳдаи идораи худрав набаромадааст, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, ҳодиса дирӯз, 17 сентябр рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 13:30 ронандаи "Мерседе-Бенс" Бобоев Шоҳрухи 25-сола, сокини Истаравшан ангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст.

ВКД меафзояд, дар натиҷа худрави Бобоев пиёдагарди худрсоли Юсуфҷони 10-соларо, ки сокини деҳоти Зарҳалоли Истаравшан будааст, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳоҷиев Ю.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

 

293
Продавец в магазине считает сдачу

Боздошти ҷавони 23-сола барои ғоратгарӣ дар варзишгоҳи мактаб

194
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 23-солаи шаҳри Панҷакент хабар дод, ки дар ғоратгарӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, маъмурини милиса дар пайи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карданд.

Манбаъ таъкид кард, ки ҳолати ғоратгарӣ шабона дар майдони варзишии мактаби рақами 29 рух дод.

“Номбурда, санаи 4-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар майдони варзишии МТМУ №29 бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур 7 ҳазору 190 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Қарори Ҳукумат: хоҷагии зотпарварии Хуросон ба тавозуни “Чашмаи Нуқра”-и Данғара гузашт

Манбаъ таъкид кард, ки нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 248 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

194
Барчаспҳо:
ғоратгарӣ, Варзишгоҳ, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон