Фоҷиа: садамаи мудҳиш дар маркази Душанбе ҷони ду наврасро гирифт

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе дар паи бархӯрди "Хундай-Старекс" ва "Мерседес-Бенс" ду наврас ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду наврас дар паи садамаи нақлиётӣ дар маркази шаҳри Душанбва хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 8 сентябр, тахминан соати 20:50, дар сероҳаи  хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Варзишгарони шаҳри Душанбе  (назди Маркази исмоилия) рух додааст.

"Дар паи садама пиёдагардони ноболиғ, хонандагони мактаби №25 Сиёвуши Зафар, соли таваллудаш 2004 (синфи 9) ва Аюб Муҳиддинзода, соли таваллудаш 2001 (синфи 11) ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар хабарнома.

Маленькая девочка - Sputnik Тоҷикистон
Рабудани духтарачаи дусола ва талаб намудани пул аз волидайнаш бар ивазии озодии вай

Гуфта мешавад, ки ронандаи  мошини тамғаи "Хундай-Старекс" Ҷ. Эмомов  ҳангоми ҳаракат дар  кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Низомӣ Ганҷавӣ, дар сероҳаи кӯчаи И.Сомонӣ-Варзишгарон ба  мошини  тамғаи "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронанда  Фазлиддин  Авлиёқулови 29-сола  қарор дошт, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа  мошини  тамғаи "Мерседес-Бенс" самти ҳаракаташро тағйир дода, пиёдагардони номбаршударо  пахш намудааст.

Айни ҳол Фазлиддин Авлиёқулов дар Беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе дар ҳолати вазнин қарор дошта, бистарӣ аст.

Аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиши он идома дорад.

Хотиррасон менамоем, ки ноболиғони фавтида фарзандони  кормандони радиои  "Садои Душанбе" ва Шабакаи аввали Тоҷикистон буда, дар бинои истиқоматии кормандони Кумитаи телевизион ва радио, ки дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт воқеъ гардидааст, зиндагӣ мекарданд.

Тибқи  маълумоти ба дастомада,  тақрибан  давоми  ду соли охир  бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар  ба ҳалокат расида, зиёда аз ду ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тибқи иттилои таҳлилгарон, аксар вақт  садамаҳои нақлиётӣ   аз ҷониби ронандагони ҷавон, ки мошинро бо суръати баланд  меронанд, ба вуқӯъ мепайванданд.

Лентаи хабарҳо
0